Талаби пора бо истифода аз ваколати мансабӣ

  Охунов Маҳмади Қурбонович дар вазифаи муовини командири қисми ҳарбӣ-сардори қисми тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба ҷиноят зад.

 

  Чунончӣ, номбурда ба боварии шаҳрванд “А” даромада барои ноқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хизмати харбӣ  аз ӯ маблағи 25000 сомонӣ талаб намуда, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ баъди гирифтани маблағи 23000 сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар утоқи ултрасадои бинои тибии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ боздошт карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд.

 

  Оиди ҳолати мазкур нисбати Охунов Маҳмади Қурбонович, парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан