Гирифтани ришва барои вобаста намудани нуқтаи савдо

 Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна дар вазифаи раиси Раёсати ҷамъияти «Матлубот»-и шаҳри Кӯлоб кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш даст ба содир намудани ҷинояти қасдона задааст.

 

 Чунончӣ, шаҳрванд “А”  ҷиҳати ба охирон вобаста намудани нуқтаи савдо ба Раҳимова М.У. муроҷиат намуд. Номбурда аз ин ҳолат истифода намуда, вобаста ба мавқеи ишғол намудааш барои иҷро кардани амали мазкур аз охирон дар ду ҳолат маблағи 27 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 10 000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 17 000 сомониашро талаб намуд.

 

 Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ –тафтишотӣ Раҳимова М.У. ҳангоми аз шаҳрвад “А” гирифтани маблағи 17000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ёфта гирифа шуд.

 Оиди ин ҳолат нисбати Раҳимова Меҳринисо Убайдуллоевна бо моддаи 279 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ