Қаллобӣ бо мақсади ҷудо намудани қитъаи замин
Гулов Убайдулло Саидисломович бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, аз охирон барои ҷудо намудани якчанд қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои корами обии деҳаҳои «Деҳқонобод-2» ва «Якатут»-и Ҷамоати деҳоти Колхози Россияи ноҳияи Рудакӣ маблағи 56.000 доллари ИМА гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Гулов Убайдулло Саидисломович бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.










