Қаллобӣ бо мақсади дохил намудан ба Донишгоҳ
Сангов Абдусалом Маҳмадалиевич дар корхонаи «Моҳир Семент»-и ноҳияи Ёвон ба ҳайси борбардор кор карда, моҳи августи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд «А» даромада, худашро ҳамчун корманди маорифи шаҳри Душанбе муаррифӣ намуда, аз ў барои ба Донишгоҳи давлатии тибии Тоҷикистон ба номи Абдӯалӣ ибни Сино дохил намуданаш маблағи 27.000 сомонӣ талаб карда, гирифта, тасарруф намуда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Сангов Абдусалом Маҳмадалиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.










