ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Вокуниш ба маводи нашршуда дар сомонаи интернетии Азия –плюс www.news.tj зери сарлавҳаи «Аксҳои паловхӯрӣ ва наворбардории кормандони Агентии зиддифасод дар тӯй»

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи дар сомонаи Азия –плюс www.news.tj зери унвони «Аксҳои паловхўрӣ ва наворбардории кормандони Агентии зиддифасод дар тўй» нашршударо, ки дар асоси маводи дар сомонаи Назарзода Сайфиддин (http://sns.tj/) - собиқ Директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» бо сарлавҳаи «Асрори як мурофиаи судӣ» бознашр шудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар маводи мазкур бо як эҳсосоти баланд доир ба гуё амалҳои ғайриқонунии кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратура, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти судӣ ҷиҳати нисбати ў баррасӣ гардидани маводҳо вобаста ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қайд карда шудааст.
Ҳамзамон, дар маводи нашрнамудаи худ, муҳтарам Назарзода С. якчанд маротиба ваҷҳ пешниҳод намудааст, ки гўё ҳангоми баргузории маъракаи «оши наҳор»-и фарзандони ў ва Ҳабибуллоев Т., ки санаи 29 июли соли 2017 дар тарабхонаи «Саррез»-и шаҳри Душанбе баргузор гардидааст, 9 нафар кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, то ҳатто хўрок низ тановул намудаанд ва гуё ин кормадон ба тариқи махфӣ ҳолати баргузории маъракаи мазкурро наворбардорӣ намуда, дар ин самт чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷўӣ гузаронидаанд.
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ваҷҳҳои пешниҳоднамудаи Назарзода С.-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ба воқеият мувофиқ набудани онҳоро бо асосҳои зерин тасдиқ менамояд.
Чунончӣ, дар санаи 29 июли соли 2017 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Агентӣ, ҷиҳати риояи ҷараёни иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» гурўҳи корӣ иборат аз ду нафар кормандони Агентӣ ба ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ сафарбар гардиданд. Дар ҳамин асос аз ҷониби кормандони мазкур дар тарабхонаи «Саррез»-и шаҳри Душанбе корҳои санҷишиву назоратӣ гузаронида шуда, тибқи тартиби муқарраркардашуда вобаста ба вайронкунии талаботи қонуни мазкур нисбати Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. маводҳои дахлдор тартиб дода шудааст.
Ҳамзамон, аксҳои пешниҳоднамудаи Назарзода С., ки дар онҳо танҳо як нафар корманди Агентӣ инъикос ёфтааст, дадели нодуруст будани ин ваҷҳи ў мебошад.
Чи тавре, ки дар боло қайд карда шуд, кормандони Агентӣ танҳо бо мақсади гузаронидани санҷиш дар маъракаи «оши наҳор»-и Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. ҳузур дошта, аз паи иҷрои вазифаҳои хизматии худ буданд. Дар ин ҳолат кормандони Агентӣ дар доираи ваколатҳои хизматии худ амал намуда, ба хўрдани хўрок ва дигар амалҳои манфиатноки худ роҳ надодаанд. Бинобар ин, ваҷҳи Назарзода С. дар хусуси гуё хўрок хўрдани кормандони Агентӣ, танҳо тахайюлоти охирин буда, он бо ягон далел собит нашудааст.
Ба ҳамин монанд, дигар ваҷҳи Назарзода С. дар хусуси гуё аз ҷониби кормандони Агентӣ ҳангоми ҳузур доштан дар маъракаи мазкур гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўӣ бо он беасос дониста мешавад, ки тибқи тартиби муқарраргардида ошкор намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ гузаронидани чунин чорабиниҳоро талаб намекунад. Ин гуна ҳуқуқвайронкуниҳо танҳо бо роҳи гузаронидани санҷиши ошкоро муайян карда мешавад. Ҳаракатҳои кормандони Агентӣ дар ин самт, танҳо баҳри ба даст овардани далелҳои боэътимод, ҷиҳати тасдиқ намудани ҳолати вайронкунии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд.
Маҳз дар натиҷаи гузаронидани санҷиши мазкур, аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, ки санаи 29 июли соли 2017 ҳолати вайрон гаштани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи шаҳрвандон Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. ошкор карда шудааст. Вобаста ба ҳолати мазкур, маводҳои зарурӣ барои ба қайд гирифтани ҳолати ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба мақоми ваколатдор, яъне Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гаштааст.
Минбаъд парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо қарори суди мазкур Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. бо моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудаанд. Баъдан шикояти касатсионии Назарзода С. ва Ҳабибуллоев Т. аз ҷониби Суди шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он беқаноат мононида шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар маводи нашрнамуда Назарзода С. як қатор ваҷҳҳои дигар дар хусуси амалҳои кормандони Агентӣ, мақомоти Прокуратура, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти судӣ пешниҳод намудааст, ки онҳо ҳангоми баррасии суди зинаи якум ва дуюм ба таври пурра, ҳамарафа ва холисони мавриди санҷиш қарор дода шуда, бо далелҳои боэътимод рад карда шудаанд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2020.