Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Даст ба ҷиноят задани кормандони Шуъбаи ҷустуҷӯи байналмилалии Бюрои миллии маркази «Интерпол»

 

    Аз тарафи муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан мухими Раёсати тафтишотии Кумитаи тафтишотии Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия аз рӯи парвандаи ҷиноятии нисбати Нурддинов А.А., Носиров Э.Р. ва дигарон бо моддаҳои 105 қисми 2 бандҳои «ж,з», моддаи 30 қисми 3 моддаи 105 қисми 2 бандҳои «а,ж,з» Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои тафтишотӣ гузаронида шуда, зарурияти ба сифати шоҳид пурсиши шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон «А» ва «Б» ба миён омада, ба кормандони Шуъбаи ҷустуҷўи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба тафтишот ҳозир намудани шахсони дар боло зикршуда супориш дода шуд.
    Сардори Шуъбаи ҷустуҷўи байналмиллалии бюрои миллии Маркази «Интерпол»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники милитсия Камолов Алоҳиддин бо маслиҳати пешакӣ бо ваколатдори калони оперативӣ оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи мазкур Ваҳобов Ҷовид Неъматович бо истифодаи мақоми хизматӣ бо максади тасарруфи молу мулки ғайр санаи 29 августи соли 2017 аз шаҳрванд «А» бо роҳи фиреб бо баҳонаи он ки ўро бо парвандаи ҷиноятии мазкур на ба сифати гумонбаршуда, балки ба сифати шоҳид ҷалб намуданашон маблағи 15.000 сомонӣ талаб намуда, аз маблағи талабнамудаашон дар утоқи кории Ваҳобов Ҷовид Неъматович 5000 сомониашро гирифта, боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудаанд. Ҳамчунин Камолов Алоҳиддин ба ҳамин монанд аз шаҳрванд «Б» маблағи 15.000 сомонӣ талаб намудааст. Ҳаммаслаки ҷиноятии ӯ Ваҳобов Ҷовид Неъматович бо маслиҳати пешакии Камолов Алоҳиддин санаи 30 августи соли 2017 аз шаҳрванд «Б» дар назди Беморхонаи ёрии таъҷилӣ дар дохили автомашини шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ маблағи 5000 сомониро гирифта боз овардани боқимонда 10.000 сомониро талаб намудааст. Шаҳрвандон «А» ва «Б» аз кирдорҳои ҷиноятпешаи Камолов Алоҳиддин ва Ваҳобов Ҷовид Неъматович огоҳ гашта бо ариза ба Агентӣ муроҷиат намуда хоҳиш намуданд, ки нисбати номбурдагон чораҳои қонунӣ андешида шавад.
    Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ худи мамон рӯз яъне 30 августи соли 2017 дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Шоҳмансур»-и шахри Душанбе майори милитися Ваҳобов Ҷовид Неъматович баъди бо маслиҳати пешакӣ бо Камолов Алоҳиддин зимни аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 10.000 сомонӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи «Мерседес Бенс» рақами қайди давлатиаш ЕВ 54-80 01 РТ дастгир гардида маблағи 10.000 сомонӣ аз дохили автомашинаи номбурда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
    Нисбати Ваҳобов Ҷовид Неъматович ва Камолов Алоҳиддин бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ, он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ ба суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол карда шуд.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.