ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Боздошти шахси мансабдор бо 490.000 доллари ИМА

 

  Тадбирҳои Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон, хусусан таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи беҳдошти фазои сармоягузорӣ дар мамлакат ва бо ин васила фароҳам овардани шароиту имконоти зарурии ҷалби сармоя ба иқтисодиёт дар давоми солҳои охир ба баланд гардидани обурую нуфузи кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намудааст. Вале ҳастанд мансабдорони манфиатхоҳе, ки ин ҳама талошҳои роҳбарияти давлату Хукумати Чумҳурии Тоҷикистонро дар роҳи беҳтар гардонидани фазои сармоягузории мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи доираи соҳибкорону сармоягузорон сарфи назар намуда, бо кирдорҳои номатлуби коррупсионии худ ба паст кардани нуфузи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва аз даст додани эътимоду боварии ташкилотҳои сармоягузории хориҷӣ боис мегарданд.

    Чунончӣ, санаи 28 сентябри соли 2017 ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд «А» бо ариза муроҷиат намуд, ки муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Аскар Шералӣ барои дохил намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ва дар ин замина мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ў ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ШМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо шаҳрванд «А» маблағи 500 000 доллари ШМА-ро то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 000 доллари ШМА-ро баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора диҳад.
    Сипас, Нурализода А.Ш. дар идомаи амалҳои ҷинояткоронаи худ барои иҷрои ин амали ваъдашуда маротибаи дуввум ба сифати пора аз бинои истиқоматии бисёрошёна дар шаҳри Душанбе ба номи ҳамсараш Холиқова Савринисо Маҷидовна як хонаи истиқоматии се ҳуҷрагӣ ба маблағи 69360 доллари ШМА талаб намудааст. Дар ин замина байни ширкати сохтмонии «В» ва шаҳрванд Холиқова С.М. аз 22.08 соли 2017 шартномаи саҳмгузорӣ ба имзо расонида шудааст, ки дар асоси расиди даромади хазинавӣ қисми маблағи хонаи истиқоматӣ ба маблағи 115030 сомонӣ баробар ба 13222 доллари ШМА, аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи Холиқова С.М. пардохт карда шудааст. Инчунин Нурализода А.Ш. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, барои мақсадҳои зикршуда боз аз шаҳрванд «А» ба сифати пора моҳҳои август ва сентябри соли 2017 маблағи 3200 сомонӣ ва 10000 (даҳ ҳазор) доллари ШМА талаб карда гирифтааст.
    Нурализода А.Ш. ба маблағҳои қаблан гирифтааш қонеъ нашуда, барои мусоидат намудан дар хусуси ҷудо гардидани маблағҳои грантӣ ба манфиати шаҳрванд «А» аз охирон боз ба сифати пора маблағи 500 000 доллари ШМА-ро талаб намудааст.
   Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ санаи 28.09 соли 2017 соати 19-00 муовини сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Исмоили Сомонии ш.Душанбе Нурализода Аскар Шералӣ истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кўчаи Шамси хонаи 20/1 хуҷраи 11 бевосита баъди аз шаҳрванд «А» ба сифати пора гирифтани маблағи 490 000 доллари ШМА,дар кўчаи Шамсии шаҳри Душанбе назди тарабхонаи «Афсона» дастгир карда шуда, далелҳои шайъӣ маблағи 490 000 доллари ШМА аз ў ёфта гирифта шуданд.
    Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории Нурализода А.Ҳ. дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе кўчаи Шамсӣ хонаи 20/1 хуҷраи 11 маблағи 10 000 доллари ШМА, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22.08 соли 2017 ва расиди даромади хазинавии ба маблағи 115030 сомонӣ баробар ба 13222 доллари ШМА, ки аз ҷониби шаҳрванд «А» ба хазинаи ширкати сохтмонии «В» ба номи Холиқова С.М. пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд.
    Вобаста ба ҳолати зикргардида санаи 28.09 соли 2017 нисбати Нурализода А.Ш. бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон< /a>

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2020.