ТАЛАБИ ПОРА АЗ ҶОНИБИ КОРМАНДИ НОЗИРОТИ АНДОЗИ НОҲИЯИ ВАРЗОБ
Санаи 26 майи соли 2017 шаҳрванд «А» ба Агентӣ бо ариза муроҷиат карда, арз намуд, ки корманди Нозироти андози ноҳияи Варзоб бо номи «Суҳроб» барои аз ҷавобгарии маъмурӣ озод намуданаш, маблағӣ 8000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар ду ҳолат 5000 сомониашро гирифта, аз маблағи умумии талабнамудааш 500 сомониашро кам карда, айни ҳол оварда додани боқимонда маблағи 2500 сомониро талаб намуда истодааст.
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Манонов Суҳроб Рустамович бевосита баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2500 сомонӣ дар дохили бустонсаройи “Водиии гургон”, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъа, деҳаи Ғусғарф боздошт шуда, маблағи 2500 сомонӣ ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбати Манонов Суҳроб Рустамович бо аломатҳои моддаи 319 қисми 4 банди “в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда баъди ба анҷом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд дорад.










