ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТ (ХАВФҲОИ КОРРУПСИОНӢ) ДАР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО
Ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» аз 28 октябри соли 2016 таҳти №465, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазорату идораҳоеро, ки номгўяшон дар зер оварда шудаанд, барои гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) интихоб намудааст.
Таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) дар доираи фаъолияти вазорату кумитаҳои интихобшуда, аз ҷониби гурўҳ оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсия, ки дар ҳар як гурўҳ кормандони Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил карда шудаанд, гузаронида мешавад.
Таҳлили фаъолият се давраро дар бар гирифта, ҷиҳати дарки моҳият ва мақсади гузаронида шудани он матни пурраи «Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» дар бахши «Қонунгузорӣ»-и сомонаи интернетии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда шудааст.
Тибқи талаботи бандҳои 28 ва 31-и методологияи мазкур барои таҳқиқ ва ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ, зарур аст, ки таҳлили муносибати мутақобилаи вазорату кумитаҳои интихобшуда бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҷамъоварии маълумот гузаронида шавад.
Аз ин рў, аз ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ошкорсозии хавфи амалҳои коррупсионӣ дар вазорату кумитаҳои интихобгашта, аз ҷумла сатҳи баррасии муроҷиатҳо, шаффофияти фаъолияти онҳо, сомонаи интернетӣ ва амсоли онҳо маълумот ва таклифу пешниҳодҳои худро тариқи почтаи электронии « Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. » ва ё ба рақамҳои масъулони Агентӣ, ки дар рўихат оварда шудаанд, пешниҳод намоянд.
|
№ |
Мақомот |
Ному насаб |
Тел: |
|
1 |
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Турсунзода Ш.
|
234-91-04 880006380 |
|
2 |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Акбарзода Н. |
234-91-05 880006382 |
|
3 |
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Розиқзода Ҳ.
|
234-95-36 880006383 |
|
4 |
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Аҳлиддинзода М.А. |
234-30-51 880006384 |
|
5
|
Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳабибуллозода И. |
234-91-05 |
|
6 |
Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Маҷидӣ А. |
234-30-51 880006389 |
|
7 |
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Раҳмонзода Ф. |
234-68-59 880006392 |
|
8 |
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳисайнзода А.П. |
234-91-05
|
|
8 |
Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Одинамаҳмадзода П.О. |
234-95-36 880006337 |
|
10 |
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Шамсиддинзода Н. |
234-68-59 880006390 |










