ҚАЛЛОБӢ БО ИСТИФОДАИ МАҚОМИ ХИЗМАТӢ
Шаҳрванд “А” ба шуъбаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки нисбати мутахассиси пешбарандаи сардори зершӯъбаи дуюми Комиссариати ҳарбии ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ Ғайратов Исматулло Ҳабибович чораҳои қонунӣ андешида шавад, зеро номбурда аз ӯ барои тайёр карда додани билети ҳарбии муваққатӣ (ноқобил) маблағи 1600 сомонӣ талаб карда гирифта, боз овардани 2800 сомонии дигарро талаб намуда истодааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Ғайратов Исматулло Ҳабибович ҳангоми бевосита аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 2800 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Нисбати Ғайратов Исматулло Ҳабибович бо аломатҳои моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.










