Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директор Султонзода Сулаймон Саид рӯзҳои 26 - 27 ноябри соли ҷорӣ дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи баргузории нишаст табодули дониш ва таҷрибаи муваффақ дар самти муқовимат ба коррупсия дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Созмон маҳсуб ёфта, дар кори он намояндагон ва шахсони воломақоми зиёда аз 55 давлати аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ширкат варзиданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия дар минтақа мусоидат намоянд.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарӣ сурат гирифта, натиҷаҳои он барои тақвият бахшидани фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Маркази матбуоти Агентӣ