Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4-умин ҷаласаи Гурӯҳи поквиҷдонӣ дар тиҷорат (BIG)-и Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ
25-26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 4-умин ҷаласаи Гурӯҳи поквиҷдонӣ дар тиҷорат (BIG)-и Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, таҳти унвони «Нақши ҳукумат дар ҳавасмандгардонӣ (пешбарӣ) ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷкистон бо роҳбарии Камолзода Ф.А. - муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомот, намояндагони Вазорати молия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ ва дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур аз 4 сессия, аз ҷумла «Нақше, ки ҳукумат метавонад дар пешбурд ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат бозад», «Таъмини муҷозот ва таҳримҳо барои масъулияти корпоративӣ», «Муколама байни ҳукумат ва тиҷорат», «Ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи рафтори хуби корпоративӣ (дар корхона)» иборат буда, дар ин замина маърузачиён тибқи рӯнамо тадбирҳои аз ҷониби ҳукуматҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ барои пешгирии коррупсия дар муомилоти тиҷоратӣ андешидашударо ба иштирокчиён маълумот доданд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки Ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ (соҳибкорон) дар мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ дар бахши хусусӣ ва рафъи тафовут байни ҳукумату ширкатҳо, инчунин дар расонидани кӯмак ба корхонаҳои хурду миёна ҷиҳати ҷалби кӯшишҳо дар муқовимат ба коррупсия нақши муҳим мебозанд.
Илова бар ин, роҳи дигари истифодаи пурраи иқтидори бахши хусусӣ дар муқовимат ба коррупсия барои ҳукуматҳо ин таъмини дастрасии ҳамаҷониба ва бемаҳдуд ба иттилоот маҳсуб дониста шуд.
Зимнан, бо мақсади пайваст намудани назария ва амалия, инчунин роҳандозии табодули таҷриба, иштирокчиён атрофи «Поквиҷдонӣ ва дурандешӣ дар хизмат», «Чӣ тавр баҳодиҳии хавфҳо ва тафтишотро дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд гузаронид?», «Поквиҷдонӣ дар самти хариди давлатӣ чӣ маъно дорад?» «Чӣ тавр ҳукуматҳо метавонанд поквиҷдонӣ дар тиҷоратро пешбарӣ ва таъмин намоянд», ибрози андеша намуданд.
Дар умум чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андухта барои густариши ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.
Маркази матбуоти Агентӣ