Ошкори ҳолати сӯиистеъмоли ҳокимият аз тарафи сардори зершуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётии Комиссириати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки Абдуллоев Р.А. аз 19 июли соли 2023 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётии Комиссириати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар вақти фаъолияти кориаш ба воситаи ёрдамчии раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Раҳмонзода Ш.В.  даст ба ҷиноят мезанад.

 

Чунончи, аввалҳои моҳи июни соли 2024 Раҳмонзода Ш.В. бо Абдуллоев Р.А. вохӯрда, ба охирин иброз намуд, ки оид ба таъхир гузоштани адои хизмати ҳарбии даъватшаванда А.А.А. кӯмак намояд.

 

Абдуллоев Р.А. барои омода кардани додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ ба номи даъватшаванда А.А.А. маблағи 30 000 сомонӣ талаб кардааст.

 

31 июни соли 2024 Раҳмонзода Ш.В. дар утоқи кориаш аз шаҳрванд М.М.М. барои омода карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ ба номи даъватшаванда А.А.А. маблағи 30 000 сомониро талаб намуда, худи ҳамон рӯз аз номбурда маблағи 27 000 сомониро гирифта, аз он 8500 сомониро барои худ ва боқимонда маблағи 18 500 сомониро тавассути шаҳрванд М.М.М. ба шарики ҷиноятиаш Абдуллоев Р.А. дода, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд М.М.М. зарари ҷиддӣ расонид.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абуллоев Р.А. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳмонзода Ш.В. бо моддаҳои 36 қисми 5 - 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail