Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network) дар Ҷумҳурии Мардумии Чин
Ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 24 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network), ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гашт, иштирок намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар кори ҷаласа намояндагон ва шахсони воломақоми мақомоти зиддикоррупсионӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдори давлатии аъзои Шабака зиёда аз 80 давлат ширкат варзида, вобаста ба паҳлуҳои мухталифи муқовимати байналмилалӣ ба зуҳуроти коррупсия маърӯза ва музокира анҷом доданд.
Ҷаласа дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад ва онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи ҳамкориҳо байни мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои ҷаҳон муосидат намоянд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дустӣ, музокиравӣ ва эҳтироми якдигари сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва ба роҳ мондани робита бо ниҳодҳои зиддикоррупсионии кишварҳои минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам оварад.
Маркази матбуоти Агентӣ.