Гирифтани маблағи 49300 сомонӣ барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дохил намудани довталаб
Сафарова Латофат Саъдиевна дар вазифаи мудири Муассисаи давлатии таълимии томактабии №23-и шаҳри Бохтар кор карда истода, бо истифода аз мақоми хизматиаш аз шаҳрванд Раджабова Д.А. барои ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино дохил намудани ҷиянаш-Раҷабов И.Ф. дар давраи аз моҳи июни соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 дар се ҳолат маблағи умумии 49300 сомониро талаб карда гирифта тасарруф намуда, ба манфиати номбурда ягон амалро иҷро накардааст.
Дар ин хусус нисбати Сафарова Л.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди итмоми тафиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Маркази матбуоти Агентӣ.