Талаби пора ба маблағи 15000 сомонӣ аз ҷониби раиси суд
Ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд “А” муроҷиат намуд, ки нисбати раиси Суди ноҳияи Айнии вилояти Суғд Турсунзода Шараф чораҳои қонунӣ дида шавад, чунки номбурда барои шартан татбиқ накардани ҷазо нисбати судшавандагон “Б, В, Г” маблағи 15000 сомонӣ ба сифати пора талаб карда, аз он 10000 сомониро 3 июни соли 2020 гирифта, боз оварда додани боқимонда 5000 сомониро талаб намуда истодааст.
Санаи 6 июни соли 2020 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ Турсунзода Ш. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 5000 сомонӣ ба сифати пора, дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ў ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати болозикр нисбати Турсунзода Ш. бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.










