Қаллобӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ
Муродов Шарифхон Талбакович дар вазифаи Командири взводи Мактаби таълимии “Пойтахт”-и қисми ҳарбии №0123 кор карда истода, моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд “А” барои пеш аз муҳлат аз хизмати минбаъдаи ҳарбӣ озод намудани бародараш-шаҳрванд “Б” маблағи 30000 сомонӣ талаб карда гирифта, онро тасарруф намуд.
Дар баробари ин, Муродов Ш.Т. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом дода, санаи 19 феврали соли 2020 шаҳрванд “А”-ро ба меҳмонхонаи ҶДММ “Сино-555”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, даъват намуда, аз ҳадди ваколатҳои мансабии худ баръало баромада, бо истифода аз ҳолати оҷизии охирин талаботҳои шаҳвонии худро бо ӯ қонеъ кард.
Оиди ин ҳолат нисбати Муродов Ш.Т. бо моддаҳои 391 қисми 1 ва 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.










