Замин ҳамчун манбаи даромад
Маҳмудов Фарҳодҷон Маҳмудович дар вазифаи менедҷери КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар минтақаи Суғд кор карда истода, санаи 11 апрели соли 2020 аз шаҳрванд Алаев Д.Х. барои аз ҳудуди заминҳои ноҳияи Б.Ғафуров ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 80000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 40000 сомониашро гирифта, тасарруф намудааст.
Дар ин хусус нисбати Маҳмудов Ф.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.










