Талаби 30000 сомонӣ барои озод намудан аз хизмати ҳарбӣ
Санаи 14 апрели соли 2020 шаҳрванд “А” ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд, ки нисбати сардори Хадамоти тиббии қисми ҳарбии 07746-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кенҷаева Гулчеҳра Гадобоевна чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки номбурда барои аз адои хизмати ҳарбӣ озод намудани хешаш-шаҳрванд “Б” аз ӯ маблағи 30000 сомонӣ талаб намуда истодааст.
Худи ҳамон рӯз, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Кенҷаева Г.Г. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 30000 сомонӣ дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.
Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Кенҷаева Г.Г. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.
Маркази матбуоти Агентӣ.









