Наврӯзи ҷаҳонӣ муборак!

Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориёитабор маънидод намуда, он ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Чуноне ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънии “рӯзи нав” - ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст.

        

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии қавмҳои ориёинажод буда, ба иттилоои сарчашмаҳои таърихӣ ин иди суннатии мо аз давраҳои хеле қадим ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз то ба давраи дини Зардуштӣ ҳам таҷлил гардида, иди баҳору шукуфоӣ ва зиндашавии табиат мебошад. Фалсафаи Наврӯз нафақат зиндашавии табиат, балки як воқеияти зиндагӣ аст, ки дар ҳамин рӯз таҳаввулоти бузурге ба вуҷуд меояду табиат эҳё мешавад. Ба гуфти бузургони гузаштаамон, Наврӯз ҷавоншавии табиат аст.

        

Вақте таърихи пайдоиши ҷашни Наврӯзро саҳифагардон мекунем, ҳақиқате бароямон равшан мешавад, ки ин анъана ба донишҳои қайҳоншиносии ниёгони мо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар замонҳое, ки ҳанӯз таҷҳизоту василаҳои ногузир ба хотири мушоҳида ва омӯзиши сайёраҳо вуҷуд надоштанд, гузаштагони мо тавонистанд, замони баробар шудани шабу рӯз ва оғози соли нави хуршедиро ба гунаи дақиқ муайян кунанд. Ба тарзи дигар, метавон ба хулосае расид, ки нахустин рӯзи дунё ба айёми Наврӯз монанд аст ва ҳисоби замон аз ҳамин нуқта бояд шурӯъ шавад. Бешак, бехато шинохтани давраи пурраи гардиши Замин дар атрофи Офтоб нахустин ва муҳимтарин бозёфт дар боби кайҳоншиносӣ аст ва ин дастовард маҳз ба ниёгони мо тааллуқ дорад.

        

Ҳаким Умари Хаём дар «Наврӯзнома» роҷеъ ба бунёд гузоштани ҷашни мазкур чунин навиштааст: «…аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр бувад, яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз як шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол ва муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.»

        

Абурайҳони Берунӣ дар китоби «Ат-тафҳим» маънии Наврӯзро ин тавр шарҳ додааст: «Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст ва Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат Рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст.»

          

Дар таърихи фарҳанги мардуми ориёитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму ойин, арзишҳои миллӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ин аст, ки ҳар сол он бо тамоми шукуҳу шаҳомати хоса пешвоз гирифта мешавад ва дар ҳар гӯшаи ҷумҳурӣ бо оростани оинҳои идонаи наврӯзӣ онро бо рӯҳияи тозаву фараҳмандӣ истиқбол мегиранд.

        

Бо омадани Наврӯз хонаҳоро тозаю озода мегардонанд, ҳафтсину ҳафтшин омода менамоянд. Деҳқон ба кишту кор оғоз мекунад. Киштукор кардани замин маънии зиндагии навро дорад. Ҳамин аст, ки фарҳанги ҷашни Наврӯз дар тафаккури мардум як такопӯ ва ҷустуҷӯи фарҳангиро ба вуҷуд меорад. Наврӯз хоси мавқеи ҷуғрофии мо мебошад. Агар дар дигар минтақаҳои ҷаҳон сардӣ бошад, дар мо фасли баҳор асту мавсими таҷлили ин иди накӯст. Омадани ин рӯз ба зиндагии мо таровату нафосати тоза мебахшад.

        

Гарчанде ҷашни Наврӯз ва ойину маросимҳои он дар тӯли таърих борҳо ба тағйиру дигаргуниҳо мувоҷеҳ шудааст, аммо мардуми ориёӣ дар ҳама замонҳои душвору пур аз ҷангу офатҳо аз таҷлили ин ҷашни зебои ниёгон даст накашидаанд. Имрӯз ҳам гулгардонӣ, суманакпазӣ, пухтани хӯрокҳои наврӯзӣ, сайри наврӯзӣ, оштикунонӣ, бузкашӣ, хондани таронаҳои наврӯзӣ маъмулу машҳуранд.

        

Яке аз хусусиятҳои дигари асосии фарҳангии ин ҷашн аз он иборат аст, ки дар ин айём шабу рӯз баробар мешавад. Пас аз он шабҳо кӯтоҳу рӯзҳо дарозтар мешавад, то инсон бештар меҳнату эҷод намояд.

        

Агар ниёгони мо ин ҷашни бузургро бунёдгузорӣ кардаанд, дар давоми садсолаҳои баъдӣ моро зарур омад, ки барои посдорӣ ва нигаҳдории ин мероси шойгон пайваста ҷонбозиҳо кунем. Чунки дар фарозу фуруд ва гардишҳои ҷодаи таърих нерӯҳои шумқадам борҳо толош карданд, ки ин сипари беқиёсро аз дасти мо бигиранд. Мехостанд, бо баҳонаи мамнуъ эълон кардани ҷашни Наврӯз дороиҳои фарҳангии моро ба кӯйи нобудӣ бикашанду бинои ҳуввияти миллии тоҷиконро зеру забар намоянд.

        

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббусҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз бо қарори ташкилоти Созмони Милали Муттаҳиддоир ба масъалаҳои таҳсилот, илм ва фарҳанг ба феҳристи осори фарҳангии инсоният ЮНЕСКО шомил гардид ва дар таърихи 23 феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ қарорномаи “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” ба тасвиб расид. Бобати ба тасвиб расидани ин қарордоди барои мардуми ориёитабор хеле фараҳбахш саҳми Пешвои муаззам миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст.

        

Дар даврони Истиқлол Наврӯз бо шукӯҳу шаҳомати тоза ҷашн гирифта мешавад ва суннатҳои милливу бостонии мо, ки дар вуҷудамон нуҳуфтааст, аз нав эҳё мегардад. Ин як эҳтиром ба фарҳангу тамаддуни миллат ва ба забону ҳастии миллат аст. Бо ҳамин ҷашнгирии ин ид мардум ба худогоҳиву худшиносӣ бештар мерасанд. Фалсафаи Наврӯз ҳам дар ҳамин нуҳуфтааст. Ҷашне, ки таъриху зиндагӣ ва фарҳанги моро ба мардуми ҷаҳон муаррифӣ менамояд. Аз ин рӯ, ҷашнгирии Наврӯз на ба ҳайси як ид, балки ба мисли як нишонаи фарҳангу тамаддун мебошад.

        

Наврӯзи давраи Истиқлол бар шукӯҳу ҷалоли худ боз як нерӯи хосе зам намуд, ки Наврӯз хусусиятҳои деринаашро бо пазироии рӯҳияи замони нав созгор карда, имрӯз он мавриди эътирофи ҷаҳониён қарор гирифтааст.

           

Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шукӯҳу ҷалоли бештар мегирад. Миллати тоҷик ҷашни Наврӯзро дар тӯли садсолаҳо ба монанди забони модарӣ ҳифз намуда, дар замони навин онро ҷузъи таркибии ҳуввияти миллӣ ва мояи сарбаландии маънавии худ медонанд.

        

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳангӣ пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷикӣ таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст».

        

Наврӯз ҳамчун як рукни худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯза, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, рамзи дӯстию рафоқат ва ба зиндагии хушу хуррам расидан мебошад.

        

Наврӯз нишонаи олии хубию покӣ, дӯстию ҳамдилӣ ва иди сафову эҳёи табиат буда, ин иди аҷдодони гузаштаи мо мебошад, ки ба мо ҳамчун мерос боқӣ монда, арҷгузории ин ҷашни миллӣ арҷгузорӣ ба расму русуми гузашта мебошад.

        

Ҷашни Наврӯз чун бунёди табиати сарсабзу хуррам аст, инчунин қувваи тоза гирифтани орзуҳои ниҳонии инсонҳо буда, омадани он шукуфоиву сарсабзӣ ва эҳё гардидани боз як соли навин асту инсонро мебояд, то онро бо тамоми вуҷуд пешвоз гирад ва баҳри амалӣ намудани марому мақсудҳои накӯву созандааш ҷаҳду талош намояд.

        

Ва чунин гиромидошти Наврӯзи тоҷикон бояд имрӯзу фардоҳо мояи ифтихори ҳар яки мо бошад.

        

Аз ин фурсати басо муносиб истифода бурда бо фарорасии рӯзҳои баҳорӣ - ҷашни пуршукӯҳи Наврӯзи ҷаҳонӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда, саршор аз нишоту сарсабзиҳо ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

 

Маркази матбуот Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ