Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили “8 март – Рӯзи Модар” дар Агентӣ

7 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили “8 март – Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи модарону бонувони Агентӣ тансиҳативу рӯзгори обод, файзу баракат ва бурдборӣ дар фаъолияти минбаъдаашон таманно доштанд.

 

Зимнан роҳбарияти Агентӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ҳамеша тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда, ҷиҳати таъмини фазои озод барои иштироки занон дар идоракунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин аст, ки занону бонувон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому мартабаи худро дошта, ба онҳо ҳамчун олиҳаи ҳусни зиндагӣ эҳтироми хоса ба ҷо оварда мешавад.

Дар маҷӯъ чорабинӣ дар фазои тантанавӣ гузашта, дар рафти он кормандони мақомот бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ