Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии аҳолӣ»

5 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронси ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши соҳаи маориф ва илм дар ташаккули маърифати ҳуқуқӣ - зиддикоррупсионии аҳолӣ» доир гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилотии кишвар иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯъ баён карданд.

 

Қайд гардид, ки низоми мактабу маориф ва илму фарҳанг дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин ва мутарақии кишварҳои олам нақши бағоят бузургро касб намудааст. Зеро маҳз мактабу маориф ва мутахассисони баландихтисоси соҳа кафили рушди устувори ҷанбаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат буда, самаранокии рушди ҳамаи самтҳои ҳаёти ҷомеа аз фаъолияти муназзами соҳаи маориф вобастагии амиқ дорад.

 

Дар идома масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли зиё инчунин кормандони соҳаи маориф ва илм бо маъруза баромад намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, таҷрибаи давлатҳои муваффақ дар самти муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои мубрам ибзори назар намуданд.

 

Мақсад аз баргузории конфронс аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионии кормандони соҳаи маориф ва илм арзёбӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки он дар амалисозии муқовимати дастаҷамъона бар зидди ин падидаи номатлуб мусоидати самаранок хоҳад кард. 

 

Дар фарҷом аз тамоми кормандони соҳаи маориф ва илм даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ба амалҳои коррупсионӣ равона намуда, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани насли ояндасози ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ