Вохӯрии директори Агентӣ бо роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози Доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон

31 январи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид бо роҳбари Дафтари Ҳамоҳангсози Доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати баргузор гардид.

 

Зимни мулоқот қайд карда шуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо ташаббус ва дастгирии Созмони Миллали Муттаҳид ва намояндагиҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳо ва барномаҳои зиёд ҷиҳати рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок амалӣ гардонида шуда, нақши ин Созмон дар инкишофи иқтисодиёти ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

 

Ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои муштарак байни Агентӣ ва Дафтари Ҳамоҳангсози Доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон муколамаи судманд анҷом дода, дар ин замина таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ироа карда шуданд.

 

Вохӯрӣ бо роҳбари Дафтари ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифта, он барои густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ