Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»

26 декабри соли 2023 дар бинои навтаъсиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия-кафили рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ва вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯъ иброз намуданд.

 

Қайд гардид, ки имрӯзҳо Ҳукумати кишвар масъалаи баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббиро ба аҳолӣ ҳамчун самти муҳими фаъолияти худ дониста, ба раванди ислоҳоти соҳаи тиб, истифодаи мақсадноку самарабахши маблағҳои давлативу лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва пешгирии ҳодисаҳои коррупсионӣ пайваста таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд.

 

Аз иштирокчиёни конфронс даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Дар идома кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва соҳаи тандурустӣ бо маърӯзаҳо баромад карда, ҷиҳати рушди соҳа, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ зимни хизматрасониҳои тиббӣ, роҳу усулҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат таклифу пешниҳодҳои муфиди худро манзур намуданд.

 

Дар умум конфронс дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.

 

Мақсад аз баргузории чорабинӣ ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона нисбат ба коррупсия маънидод гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки он дар роҳи натиҷагирӣ ва амалисозии сиёсати кишвар дар ин самт мусоидати самаранок хоҳад кард.

 

Маркази матбуотиАгентӣ.

Чоп намудан

Баргузории ҷоизасупории “Мукофоти байналмилалӣ барои дастовардҳои намоён дар самти мубориза бо коррупсия” ва Форуми ғолибони шараф дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон

19 - 20 декабри соли 2023 дар доираи сафари хизматӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати расмии Агентӣ дар маросими ҷоизасупории “Мукофоти байналмилалӣ барои дастовардҳои намоён дар самти мубориза бо коррупсия” ва Форуми ғолибони шараф ширкат варзиданд.

 

Чорабинии мазкур аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Мирзиёев Шавкат Мирамонович ва Амири Қатар ҷаноби Тамим ибн Ҳамад Ал Тани ифтитоҳ гардида, дар он намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, ходимони илм ва фаъолони ҷамъиятӣ ҷиҳати ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас ва саҳмгузорӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо ҷоизаҳои фахрӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ масъулини Агентӣ бо намояндагони Маркази волоияти қонун ва мубориза бо коррупсияи Қатар мулоқоти дуҷониба анҷом дода, дар рафти он дурнамои ҳамкории мутақобила дар самти муқовимат ба коррупсия мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директор Султонзода Сулаймон Саид рӯзҳои 11-15 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Атлантаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷаласаи 10-уми Конфронси давлатҳои аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия иштирок намуда, доир ба сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки конфронси мазкур бахшида ба 20 солагии қабули Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия баргузор гардида, дар кори он намояндагон ва шахсони воломақоми зиёда аз 150 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд. 

 

Конфронс дар сатҳи баланди байналмилалӣ идома ёфта, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шавад ва онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия мусоидат намоянд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он барои боз ҳам тақвият бахшидани сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам оварад.

 

 

Маркази матбуоти Агентӣ!

Чоп намудан

Таҷлили “Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия” дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

Имрӯз 8 декабри соли 2023 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия бо ҷалби намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, олимони донишгоҳу донишкадаҳо ва Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласа баргузор карда шуд.

 

Дар ҷараёни он роҳбарияти раёсат ва иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба муҳимияти масъала бо маърузаҳо баромад карда, роҷеъ ба нақши беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сиёсати зиддикоррупсионии мамлакат ҷиҳати баланд бардоштани вазъи некуаҳолии мардум ибрози андеша намуданд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа намояндагони як қатор соҳаҳои вилояти Суғд бахшида ба ин сана барои ҳамкории судманд дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосномаҳои раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд сарфароз гардонида шуданд. 

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Гузаронидани озмуни “Муқовимат ба коррупсия-саҳми ту аҳамият дорад” байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон

8 декабри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанг”-и шаҳри Панҷакент маросими ҷамъбастии озмуни минтақавӣ дар мавзӯи “Муқовимат ба коррупсия-саҳми ту аҳамият дорад” байни хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои водии Зарафшон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

        

Иштирокчиёни озмун дар мавзӯъҳои мақолаю иншо, расму шиор ва саҳнача ё видеоролики иҷтимоӣ корҳои бамавриду босифати худро пешниҳод намуда, маводҳои пешниҳодгардида аз ҷониби комиссияи босалоҳият аз ҳисоби занони фаъол, омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷрибаи соҳа беҳтаринҳо ва иштирокчиёни фаъол муайян гардида, дар шароити тантанавӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ин таълиму тарбияи зиддикоррупсионии наврасону ҷавонон дар руҳияи муносибати таҳаммулнопазир нисбат ба падидаҳои коррупсионӣ, эҳтиром ба қонун ва самаранок ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии насли наврас ва татбиқи босамари барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ, тақвият бахшидани ҳамкории судманд ва муайянсозии роҳу усулҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва  дар ин раванд ҷалби васеи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин зуҳуроти номатулб мебошад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Намоиши китобҳои Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар Агентӣ

Санаи 04 декабри соли 2023 бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги китобхонӣ ва ҷалби ҳайати шахсии мақомот ба мутолиаи китобҳо дар бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш – фурӯши китобҳои Муассисаи нашриявии «Ирфон» баргузор гардид.

 

Дар чорабини кормандони Агентӣ иштирок варзида, аз китобҳои пешниҳодшуда баҳрабардорӣ намуданд. Чорабинии мазкур бори дигар нишон дод, ки аксарияти кормандони мақомот ба китобу мутолиаи адабиётию сиёсӣ, таърихиву фарҳангӣ шавқу рағбат дошта, берун аз вақтҳои корӣ барои ташаккул додани донишу малакаи худ бо китобхонӣ машғуланд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба иҷрои тавсияҳои даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд

1 декабри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ барои ҳайати гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои тавсияҳои даври 5-уми мониторинги Нақшаи амалҳои Истамбулии Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд доир гардид.

 

Чорабиниро нахуст директори Агентӣ Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки воқеан коррупсия имрӯз ба ҳайси хатарноктарин зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, амалан ягон ҷомеа ва давлате вуҷуд надорад, ки аз таъсири он эмин бошад.

Ҷиҳати иҷрои супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Агентӣ моҳи ноябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки ҳадафи он андешидани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтӣ баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар минбаъда ноил гардидан ба баҳогузорӣ аз ҷониби гурӯҳи мониторингии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд мебошад.

 

Зеро натиҷаи хуби арзёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар оянда ба рушди фазои сармоягузорӣ, баланд бардоштани рейтинги давлат дар раддабандии шохиси дарки коррупсия, ҷалби шарикони рушд, гранту қарзҳои имтиёзнок ва дигар масоили актуалӣ нақши муҳим бозад.

 

Иҷрои тавсияҳои нави Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд дар доираи Нақшаи амалҳои Истамбулӣ аз муқаррароти банди 67 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи кории Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки маҳз дар заминаи он баҳри шарҳи мақсад, принсип ва тавзеҳи саволномаҳои аз ҷониби Шабака ба Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин хонапурии саҳеҳи онҳо чорабинии омӯзишӣ барои кормандони ниҳодҳои дахлдори кишвар баргузор карда шуд.

 

Дар идомаи семинар кормандони Агентӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд ва бо иштирокчиён атрофи саволҳои алоҳида муколама баргузор гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

23 ноябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинии тантанавӣ доир гардид.

 

Дар чорабинӣ роҳбарияти Агентӣ ҳозиринро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрику муборакбод гуфта, қайд намуданд, ки Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлоли давлатӣ ва дӯстиву бародарии аҳли ҷомеа маҳсуб ёфта, сокинони кишварро ба зиндагии орому осуда, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда сафарбар менамояд.

 

Зимнан таъкид карда шуд, ки дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Парчами он муаррифӣ мегардад ва эҳтирому арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангу маданияти миллӣ, махсусан эҳтиром ба миллат, давлат ва давлатдорӣ мебошад, зеро Парчами давлатӣ дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллии давлатӣ ба шумор меравад.

 

Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ бо маърузаҳои пурмазмун баромад намуда, фикру ақидаҳои худро роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи ин ҷашни таърихӣ иброз карда, иштирокчиёнро бо ин ҷашни саодатманд шодбошу муборакбодӣ намуданд.

 

Дар фарҷоми чорабинӣ роҳбарият дастаи бонувони Агентиро барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлативу ғайридавлатии ҷумҳуриявӣ бо медалу дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардониданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ