Ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар

 5 марти соли 2022 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон, аз ҷумла бонувон, ба муносибати таҷлили “Рӯзи Модар” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

 Нахуст чорабиниро директори Агентӣ генерал-лейтенанти адлия

Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, модарону хоҳарон ва бонувони арҷманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Модар самимона муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

 

 Қайд гардид, ки модарони мо дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиѓаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддасро имрӯз низ бо иффату шараф идома бахшида истодаанд.

 

 Мардуми кишвар, хусусан мо мардон ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорем, чунки зан - модар мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

 

 Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмӣ эълон гардидани Рӯзи Модар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати мақому манзалати баланди модарону хоҳарон ва бонувони азиз дар ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад.

 

 Мардуми кишвар ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузоранд, чунки зан - модар мушкилоти бисёр сахту сангини зиндагиро сарбаландона таҳаммул намуда, наслеро тарбия карда, ба воя расонидааст, ки созандагони асили имрӯзу фардои ин сарзамини муқаддас мебошанд.

 

 Дар идома бахшида ба ин санаи фархунда як қатор кормандони Агентӣ баромад намуда, дар бораи мақому манзалати зан дар ҷомеа изҳори андешаронӣ намуданд. Дар як вақт тамоми бонувони Агентӣ аз ҷониби роҳбарияти мақомот бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ карда шуданд.  

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан