Ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори “Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

  Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи бинои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон ба муносибати 29 – умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

   Нахуст Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия муҳтарам Султонзода Сулаймон Саид ба ин муносибат тамоми ҳайати шахсии мақомотро самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, иқболу саодат, файзу баракат ва ба Тоҷикистони азиз пешравию ободиҳо таманно намуданд.

 

  Таъкид гардид, ки таъсиси Артиши миллӣ барои Тоҷикистони навин дастоварди қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиши кишвар маҳсуб ёфта, ҳастии давлат ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ки нерӯи таъминкунандаи амнияту суботи мамлакат ба ҳисоб меравад, вобастагии зич дорад.

 

   Қайд карда шуд, ки ҳанӯз бисту нуҳ сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Яъне давраи таъсиси Артиши миллӣ марҳалаи ниҳоят мураккабу вазнини давлатдории навини миллиамон буд.

 

  Ҳукумати мамлакат, зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди мушкилоти сахту сангини он рӯзҳо, тамоми имкониятҳоро ба хотири таъмини шароити зарурии хизмат ва зиндагӣ барои ҳайати шахсии ҷузъу томҳои артиши навташкил равона сохт.

 

    Зимнан зикр гардид, ки имрӯз бинобар фазои печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геополитикии сайёраю минтақа дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифаҳои басо мураккаб ва пурмасъул гузошта шудааст.

 

   Дар фаровард Роҳбарияти Агентӣ иброз намуданд, ки дар чунин шароити ҳассос вазифаи аввалиндараҷаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони Агентӣ аз он иборат аст, ки марзу буми Ватан, суботу оромиши кишвар ва бештар аз ҳама дастовардҳои миллиамонро ҳифз намоем ва бо мақсади истодагарӣ ба муқобили ин хатару таҳдидҳо, баромадан аз уҳдаи ҳалли пурмасъултарин вазифаҳои давлатӣ тамоми саъю кӯшиш ва қувваи худро равона созем.

 

  Ҳамзамон, бахшида ба ин санаи фархунда аз ҷониби Директори Агентӣ якчанд кормандони мақомот барои намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ, садоқатмандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатдорӣ бо рутбаҳои навбатӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

    Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ