Қаллобии корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ

 

   
  Идиев Илҳомиддин Усмонович дар асоси фармоиши сардори РВКД дар шаҳри Душанбе дар вазифаи сардори шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Шуъбаи №1-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш бо истифодаи мақоми хизматӣ ба ҷинояти тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ, бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ даст зад.

 

  Чунончӣ, номбурда зимни шиносои бо шаҳрванд “А” боварии охиронро ба даст оварда ваъда медиҳад, ки бар ивази маблағи 150000 сомонӣ, як манзили истиқоматии дуҳуҷрагиро воқеъ дар шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Маяковски 50, ҳуҷраи 35, ки соҳибмулки он вафот карда ва ягон меросхур надорад, дар номи охирон қонунӣ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад.

 

 Идиев И.У. бо мақсади анҷом додани нияти ҷинояткоронаи худ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр, аз маблағи талабнамудааш 128000 сомониро гирифта, ба тасарруфи худ дароварда, ягон амалро ба манфиати охирон иҷро накард.

 

 Оиди ҳолати мазкур нисбати Идиев И.У. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар пешбурд қатъ карда шуд.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ         

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ