10 январ- «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»

     Ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсия дар мамлакат ба монанди муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ аз иродаи сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

   Бо мақсади вусъат бахшидани низоми мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ ва таъмини шаффофияти фаъолияти назоратӣ бо иқдоми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мақомоти махсусгардонидашуда таъсис дода шуд, ки вазифаҳои асосии он  аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмуи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

     Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати   фаъолияти   самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.

    Кормандони Агентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ мубориза бурда, ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

     Боиси сарфарозии мост, ки хизматҳои содиқонаи кормандони Агентӣ пайваста аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ гардида, чун нишони миннатдорӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” тағийру иловаҳо ворид карда шуд ва ҳамасола 10 январ чун «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» қайд карда мешавад.            

    Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, иҷрошавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, аз ҳамаи воситаю имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, муқовимати маҷмӯиро дар ин самт пурзӯр менамоянд.

      Таваҷҷуҳу ғамхориҳои хирадмандона, созанда ва башардӯстонаи Пешвои миллат ҳар яки моро водор месозад, ки тамоми имконият, донишу маҳорат ва нерӯи касбии худро баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии  Ҳукумати мамлакат равона намоем.

      Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат аз бистуми апрели соли дуҳазору ёздаҳ қайд намуданд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

    Аз ин хотир, аз ҳар як фарди бонангу номуси ватан ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват ба амал меорем, ки  бо дарки масъулияти баланди ватандориву шаҳрвандӣ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич намоянд ва дар роҳи муқовимат ба коррупсия ва боз ҳам паст намудани шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар кишвари азизамон саҳми худро гузоранд.

      Бо ифтихори баланди ватандорӣ, садоқату самимияти бепоён ба давлату миллат ва Тоҷикистони соҳибистиқлол бо таманниёти нек ҳаммаи кормандони Агентиро ба муносибати таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» табрику муборакбод гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, осудагии рӯзгор, сарбаландӣ ва осмони софу беғуборро ба Тоҷикистони ободу озод таманно менамоем.

 

Роҳбарияти Агентии назорати

давлатии молиявӣ ва мубориза

бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Tags: Иди Касби

Чоп намудан


Ҷустуҷӯ