ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ДАР ВОҲИДҲОИ МАҲАЛЛИЮ МИНТАҚАВИИ АГЕНТӢ
20 ноябри соли 2024 дар шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва 22 ноябри соли 2024 дар раёсатҳои Агентӣ дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон бахшида ба таҷлили «Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чорабиниҳои тантанавӣ баргузор гардиданд.
Чорабиниҳои мазкур бо садо додани суруди миллӣ оғоз гардида, дар идомаи он роҳбарияти шуъбаву раёсатҳои зикргардида ҳайати шахсӣ ва ҳозиринро бо ин санаи фархундаи кишвар табрику муборакбод намуданд.
Парчами миллӣ мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳангии мо буда, мақсаду мароми созандаи тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Арҷгузорӣ ба парчам маънои эҳтиром ба арзишҳои деринаи таърихӣ, фарҳангиву маънавӣ ва муқаддасоти миллӣ арзёбӣ гардида, ба хотири гиромидошти Парчами давлатӣ дар воҳидҳои маҳалливу минтақавии Агентӣ чорабиниҳо дар сатҳи баланд гузаронида шуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ