Ваҳдати миллӣ-пояи сулҳ

 Бисту панҷ сол қабл, яъне бисту ҳафтуми июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи хуҷҷати сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май

 Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Эмомалӣ Раҳмон

 

 Ҳамасола рӯзи 9-майи дар кишвари азизу маҳбуби мо бо нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонии падарони мо, ки баҳри ҳимояи халқу Ватан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷон фидо намудаанд ҳамчун иди Ғалаба ҷашн гирифта мешавад. 

 

 Фарзандони фарзонаи миллати тоҷик дар баробари дигар халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ матонату садоқати хешро ба ватан изҳор намуда, баҳри ҳифзи халқу Ватан ва ояндаи дурахшони мо ҷони худро нисор карданд.

 

 Ҳамин буд, ки дар ин ҷанги хонумонсӯз аз Тоҷикистон 296 ҳазор нафар иштирок намуда, 92 ҳазор ҷони худро баҳри озодии Ватан-модар аз фашизм нисор намуданд. Мардонагиву садоқати сарбозони тоҷик дар маркази диққати роҳбарияти давлат қарор дода шуда, бо ордену медалҳои давлатӣ қадрдонӣ гардиданд. Дар баробари ин 54 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди Иттиҳоди Шӯравӣ - Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шуданд, ки боиси ифтихори мост.

 

 Ҳамзамон дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз он ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми бениҳоят муносиб гузоштанд.

 

 Ҳамаи ин фидокориву ҷоннисориҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ то имрӯз дар хотираи мардум нақш бастааст ва мардум бо некӣ аз онҳо ва аз қаҳрамониҳои онҳо, ки баҳри халқу Ватан кардаанд, ёд мекунанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотири иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос медоранд ва онҳоеро, ки дар қайди ҳаёт ҳастанд мавриди дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хоса қарор додаанд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат қайд намудаанд: “Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.”

 

 Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар назди қаҳрамониҳои гузаштагони худ, ки баҳри озодии Ватан-модар ҷони худро дареғ надошта мардонавор ба зидди фашизм ғалаба намудаанд, сари таъзим фуруд меорем.

 

 Бо таманнои нек ба фардои дурахшони Ватани маҳбуб Иди Ғалабаро ба кулли ҳамватанон табрику таҳният гуфта, ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пеш аз ҳама саломатӣ, иқболи нек, умри бардавом ва ба халқи Тоҷикистон хонаи обод ва фазои орому осуда таманно дорем.

 

Агар пурсанд аз ман: “Чист аз ҷону бадан беҳтар?”

Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар, Ватан беҳтар!

 

Ид муборак, ҳамватанони азиз!

 

 Роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ

ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

НАВРӮЗИ АҶАМ

 Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, хамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст.

                                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

НАВРӮЗИ АҶАМ

 Наврӯз дар таъриху тамаддуни тоҷикон-рӯзи фараҳмандтарин, оғози соли нав ва эҳёи табиат ба ҳисоб меравад. Наврӯз аз ҷашнҳои фархундаи мардуми тоҷик аст, ки таърихи хеле қадима дошта, аҷдодони мо дар тӯли ҳазорсолаҳо  ин ҷашнро бо тамоми нафосаташ то ба имрӯз расониданд. Дар ойини Наврӯз беҳтарин хислатҳои миллати тоҷик, чун ҳаётдӯстиву зебопарастӣ, меҳмоннавозиву сулҳдӯстӣ ва накӯкориву хайрхоҳӣ таҷассум ёфтааст. Ин аст, ки Наврӯз ба ҷашни ҷаҳонӣ табдил ёфта, он дар таҳкими сулҳу дӯстӣ ва раъиятпарварӣ дар ҷаҳон хидмат мекунад.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Модар рӯшноии умр ва бахшояндаи ҳаёт аст

  Дар раванди рӯзгор аз таҷриба ва гузашти айём борҳо исбот шудааст, ки модарону бонувони дурандеш ҳамчун сокинони диёри ишқу муҳаббат ба мардони хеш ҷасорат, нангу номус, шаъну шараф ва қудрати ҳифзи сарҳади ҳамқисматро бахшида, онҳоро доимо огоҳ месозанд, ки дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ, адолату садоқат ва меҳру муҳаббати инсонӣ тарбият ёфта, ҳамеша ба миллату ватан содиқ буда, дар рӯзҳои вазнинтарини ҳаёт истодагарӣ намоянд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

9 ДЕКАБР - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

 

Коррупсия аз замони қадим то ба имрӯз яке аз мушкилоти печида ва мубрами инсоният дониста шуда, дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ фаъолияти муътадили ҳокимияти давлатиро халалдор карда, монеаи рушд ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардидааст.

Ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дошта бошад ҳам, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ