ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ - 9 май

 

Рӯзи Ғалаба барои тамоми мардуми сайёра, аз ҷумла халқи Тоҷикистон санаи бисёр муҳим ва воқеан тақдирсозу таърихӣ мебошад.

Ин рӯзро ба хотири арҷгузорӣ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ яке аз санаҳои муҳимми таърихӣ - Рӯзи ғалаба бар фашизм медонанд ва ин санаро тантанавор ҷашн мегиранд.

Мо имрӯз ба ёди онҳое, ки барои пирӯзии некӣ бар бадӣ ва хушбахтиву оромии аҳли башар ҷони худро нисор кардаанд, сари таъзим фуруд меорем. Дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад. Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад. Зеро дар он солҳои мудҳиш низоми фашистӣ ба озодиву истиқлолияти аксари давлатҳо ва халқҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод карда буд.

Маҳз дар натиҷаи муборизаи муштараку қотеонаи халқҳои гуногуни олам оташи он ҷанги даҳшатнок хомӯш, озодии мардуми сайёра таъмин ва вабои фоҷиабори фашизм бартараф карда шуд. Ин пирӯзӣ натиҷаи дӯстиву муборизаи якҷояи халқҳо бар зидди хатари мудҳиш – фашизми гитлерӣ ва намунаи олии фидокории фарзандони миллатҳои гуногун барои таъмин намудани сулҳу озодӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки пирӯзӣ бар фашизм ба ивази ҷони даҳҳо миллион нафар сарбозону афсарон, аз ҷумла фарзандони Тоҷикистон, аҳолии осоиштаи дар минтақаҳои таҳти амалиёти ҷангӣ ва ақибгоҳ қарордошта, маъюб шудани миллионҳо нафари дигар ва гуруснагиву маҳрумиятҳои гӯшношунид ба даст омадааст.

Яъне таърихи башар ҷангеро, ки боиси чунин қурбонии зиёди ҷонӣ ва хисороти аз ҳисоб беруни моддиву маънавии сайёраи Замин шуда бошад, ёд надорад. Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

Гар туро доду деҳат Шому Ҳиҷозу Яман аст,
Дили ман пеши ҷаҳонест, ки номаш Ватан аст.

Бале, тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дур бо меҳру садоқат ба Ватан, меҳанпарастӣ ва ҳуввияти баланди миллии хеш машҳури ҷаҳон буданд. Таърих гувоҳ аст, ки фарзанди тоҷик ҳамеша ҳимояи марзу буми хешро ба ивази ҷони хеш ҳам бошад, адо кардааст. Дар тули таърих фарзонафарзандони диловари тоҷик аз қабили Спитамен, Муқаннаъ, Абумуслим, Темурмалик, Восеъ ва дигарон ҷони худро ба кафи даст гирифта, мардовор ҷон супурданро аз таслими душман шудан беҳтар донистанд. Мардонагӣ ва садоқати аҷдодони мо дар набзи ашъори безаволашон низ хеле хуб ба мушоҳида мерасад:

Зи баҳри бару буму фарзарди хеш,
Зану кудаки хешу пайванди хеш.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

        Чунин арҷгузорӣ нисбат ба сарзамини хеш то имрӯз ҳамеша побарҷо буд ва то ҳол идома дорад. Инро ниёгони мо солҳои 1941-1945 бори дигар исбот намуданд. Зеро бовуҷуди он ки ҷанг фарсангҳо аз Тоҷикистон дур буд ҷавонмардони ин сарзамин бо ғурури баланди миллӣ довталабона ба ҷанг рафта, дар майдони мубориза алайҳи фашизм бо корнамоиҳои беназири худ бори дигар ба ҷаҳониён насли Рустами Достон буданашонро нишон доданд. Нақши тоҷикон дар ин ҷанг хеле назаррас мебошад. Боиси ифтихор аст, ки барои ҷасорат ва шуҷоат дар набардҳо дар мубориза бо фашизм 56 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ноил ва 15 нафар ба дараҷаи ордени Шараф комёб шудаанд. Хоҳиши беандозаи мардони шуҷоъи кишвар барои иштирок дар ҷанг дар байти зерини шоири шаҳири водии Зарафшон-Тайрони Искодарӣ низ дарҷ гардидааст:

Тайрон бигир бар даст теғ, рав ҳамраҳи сурхон ба ҷанг,
Гардӣ ту он ҷо якка чанд, дурӣ зи дӯстон то ба кай!

"Мо имрӯз ва минбаъд низ бо ифтихор хотирнишон мекунем, ки барои таъмини ғалабаи таърихӣ дар баробари ҳамаи халқҳое, ки бар зидди истибдоди фашистӣ мубориза бурдаанд, ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон низ саҳми сазовор гузоштаанд" зикр намуда буданд, Пешвои муаззами миллат дар баромади худ бахшида ба 70-солагии рӯзи ғалаба.

Воқеан боиси ифтихори мост, ки Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози ҷанг дар баробарӣ фиристодани зиёда аз 300 ҳазор сарбозони далеру шуҷоъ ба фронт, инчунин бо таъмин намудани артиши Шӯравӣ ба либосу хӯрока барои пирӯз омадан дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ нақши ногусастание гузоштааст. Ногуфта намонад, ки ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ на танҳо ба ҷумҳуриҳои иттиҳод балки барои тамоми сокинони сайёра бисёр судманд ба ҳисоб меравад. Зеро дар он замоне, ки фашизм дар ҳоли пешрафт буд тамоми миллатҳои сайёраро хатари аз даст додани истиқлолияти сиёсӣ таҳдид мекард. Яъне Иттиҳоди Шӯравӣ бо ғалаба бар фашизм на танҳо марзу буми худро аз душман ҳифз намуд, балки дигар сокинони сайёраро низ аз гирифторӣ ба гирдоби фашизм эмин нигоҳ дошт.

Хушбахтона дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату бесаробон пирони рӯзгордида ва иштирокчиёни ҷангу меҳнат низ таҳти меҳрубонӣ ва нигоҳубини арзанда қарор доранд. Сарвари давлат ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд доранд ва дар бисёр баромадҳои худ таъкид менамоянд, ки таъмини онҳо бо шароити мусоиди зиндагӣ вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар, шахсони фаъол, соҳибкорон ва афроди ҳимматбаланд мебошад. Имрӯз мо бо таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ғалаба ба инсоният нишон медиҳем, ки мо танҳо бо муттаҳидӣ ва дӯстӣ метавонем сайёраро аз ҳар гуна даҳшату хунрезӣ ва қувваҳои ифротӣ эмин нигоҳ дорем.

Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба махсусан барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, садоқад ба давлату миллати хеш ва далериву ҷавонмардӣ, бузург кардани насли ҷавону наврас нақши бузург дорад. Инчунин, пос доштани номи онҳое, ки ба хотири рӯзгори орому осудаи мо ҷонбозӣ намудаанд, қарзи виҷдонии ҳар яки мост. Вобаста ба ҳамин масъала сарвари давлат чунин изҳори ақида намудаанд: "9 май рӯзи шодиву нишот ва санаи ёдбуди онҳоест, ки барои озодии халқҳо ҷони худро нисор кардаанд. Ҷашн гирифтани Рӯзи ғалаба ва эҳтиром гузоштан ба фарзандони содиқи халқи тоҷик вазифаи муқаддаси ҳар яки мо ва наслҳои оянда буда, омили муҳимтарини тарбияи насли ҷавони мамлакат дар рӯҳияи ватандӯстиву ватандорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва ҷасорату далерӣ мебошад". Яъне истиқболи арзандаи Рӯзи ғалаба-рӯзи пирӯзии сулҳу дӯстӣ, оромиву нишот ва инсоният бар ҷангу душманӣ, ваҳшату хунрезӣ ва кибру хусумат аз ҳар лиҳоз хеле муҳим мебошад.

Сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кумак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд.

Омӯхтани таҷрибаи зиндагӣ ва корномаву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ва истифодаи маслиҳату рӯзгори ибратомӯзи онҳо ба наслҳои имрӯзу фардои Ватани азизамон дар роҳи ҳифзи истиқлолу озодӣ, рушди кишвари соҳибихтиёри тоҷикон, ҳимояи марзу буми он ва манфиатҳои милливу давлатӣ дастури зиндаи амал ва сабақи зиндагӣ ба ҳисоб меравад.

Бояд гуфт, ки бо гузашти солҳо, хусусан дар шароити торафт авҷ гирифтани нооромиву бесуботӣ дар кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни сайёра аҳамияту арзиши ин санаи таърихӣ дар байни мардуми олам меафзояд.

Рӯзи ғалаба на танҳо ба собиқадорони ҷангу меҳнат ва шахсони калонсол, балки барои наслҳои наврас ва ҷавони имрӯза низ гиромӣ мебошад, зеро он нишонаи олии ватандӯстиву фидокорӣ ва сабақи бузурги шуҷоату мардонагӣ ба хотири ҳимояи Ватан ба ҳисоб меравад.

Мардуми Тоҷикистон ҳар сол дар рӯзҳои таҷлили ҷашни ғалаба афсарону сарбозони дар майдонҳои набард ҳалокшудаи халқамонро ёдоварӣ намуда, номи неки ҷавонмардони бошарафи худро гиромӣ медоранд.

Мо бо ифтихору эътимод иброз медорем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол давомдиҳандагони анъанаҳои неки наслҳои калонсоли халқамон буда, бо истифода аз сабақу корномаҳои гузаштагони некноми хеш барои ҳимояи марзу буми кишвар ва таъмини зиндагии орому осоиштаи сокинон чун сипари боэътимоди мамлакат ҳамеша дар ҳоли омодабош қарор доранд.

Хусусан, дар охири асри бистум ва ибтидои садсолаи бисту якум таҳдиду хатарҳои нав, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои вазнини он, инчунин паҳншавии ҳар гуна бемориҳои хатарноки сироятӣ амнияти давлатҳо ва халқҳоро халалдор намуда, мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари моро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ дучор сохтаанд.

Дар чунин шароит сабақҳои талхи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, ки барои ҳифзи сулҳи пойдор, суботу оромӣ ва зиндагии осудаи шаҳрвандони мамлакат ҳамеша ҳушёру омода бошем.

Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак бошад!

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2021.