ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23 | ТЕЛЕФОНИ БОВАРИИ АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН (+992 37) 224-23-23

"Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон"

 

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити бисёр сангин ва фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ дар таърихи давлатдории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Артиш ин рамзи давлатдорӣ ва неруву тавоноии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Ҳанӯз дар овони таърих сиёсатмадорон ва таърихнигорон артишро чун нишони мавҷудияти давлат васф намуда, онро бо шеъру достон дар эҷодиёташон нашр мекарданд. Олими Юнони қадим Арасту дар ёддоштҳояш менависад, ки «Давлат бе артиш, чун бинои бесутун аст». Воқеан артиш ин сутунест, ки барои ҳифзи давлат нақши аввалиндараҷа дорад.

Шоири бузурги форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ дар шоҳасараш «Шоҳнома» артишро бо афсарону аскарони нерумандаш васф намуда, онро ба риштаи назм даровадааст.

         Пароканда лашкар наояд ба кор,

         Дусад марди ҷангӣ, беҳ аз сад ҳазор.

Марҳилаи нави давлатдорӣ барои халқи тоҷик бисёр пурпечутоб ва фоҷеабор буд, неруҳои мухолиф ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорони трансмиллӣ бо ҳар роҳу восита барои ноустувор сохтани вазъи сиёсии кишвар ва сарнагун намудани давлат амалҳои террористиву экстремистиро анҷом медоданд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба азияту озори гурӯҳҳои мухолиф ва вазъи ноустувори кишвар тоб наоварда ба давлатҳои хориҷа гуреза шуданд.

Афсарону аскарони шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноустувори сиёсии кишварро дарк намуда, барои пароканда кардани неруҳои мухолиф ва дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткорон ва дар роҳи устувор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба савганди садоқат ба Ватан содиқ монда, ҷони худро дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва Истиқлолияти Тоҷикистони ҷавон  дареғ надоштанд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - ташкилоти ҳарбии давлатӣ буда, асоси мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барои муҳофизати мусаллаҳонаи истиқлолият ва тамомияти арзии он таъин гардидааст, ташкил медиҳад.

Дар замони Шӯравӣ 23 феврал ҳамчун иди Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷашн гирифта мешуд. Баъд аз эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисмҳои низомии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, миллӣ гардонида нашуданд. Пешниҳоди ҷашн гирифтани «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бошад, дар ибтидои ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омадааст.

23 феврали соли 1993 бо иштироки ихтиёриён, ки ҳамчун ҳимоятгарони низоми Ҳукумати Тоҷикистон ташкил ёфта буд, дар майдони марказии пойтахт, шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид. Дар парад аз тарафи онҳо дархост карда шуд, ки 23 феврал ҳамчун рӯзи иди артиши миллӣ эълон карда шавад. Бинобар ин, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 23 феврал ҳамчун «Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат бо мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввали солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори махсус дода, дар бораи таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандории худро садоқатмандона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъияти сиёсии кишвар, таъмини сулҳу субот ва безараргардонидани гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ рисолати худро ба таври шоиста адо мекарданд.

Маҳз натиҷаи талош ва заҳматҳои шабонарӯзии афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои сангини ҷанги шаҳрвандиро паси сар  намуда, гурӯҳҳои мухолиф ва ҷинояткоронро пароканда карда, дар роҳи нигоҳ доштани истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзии он ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошт.

Насли даврони истиқлоли кишвар хизматҳои қобили таҳсини афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мушкилтарин вазъияти ноустувори кишвар фаромӯш нахоҳад кард.  Зиндагӣ дар фазои сулҳу субот ва осоиштагии Ватан неъмати бебаҳост. Бинобар ин, ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро мебояд, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гадида, ба Ватан, модар ва насли ояндаи Тоҷикистони азиз хизмат намуда, рисолати ҷавонмардонаи хешро ба ҷо орад.

Бо умеди ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз,  фазои сулҳу суботи кишвар ва истиқолияти малакат афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба рӯзи 28 умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти басо муҳим ва ҳамзамон пурифтихорашон дар роҳи ҳифзи марзу буми Ватан ва Истиқлолияти сартосарии он саодатмандӣ ва неруву тавоноӣ орзумандем.

 

Агентии назорати давлатии

молиявӣ ва мубориза бо

коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати маводи нашъаовари
назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Хадамоти гумруки назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маркази миллии қонунгузории назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2021.