Баргузории вохӯрии кормандони раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо омўзгорон ва волидони хонандагони Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

23 феврали соли 2024 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо иштироки омӯзгорон ва падару модарони хонандагони муассисаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Шукурзода Саодат Нусратулло ҳусни оғоз бахшида, доир ба  “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардидани соли 2024 ибрози андеша намуданд. 

 

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи муқовимат ба коррупсияи раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, пешгирии содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ, нагаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, муомилоти ғайриқонунии маводҳои мухаддир, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” суханронӣ карданд.

 

Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба ҳисоб рафта, зимни он ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ