Муовини якуми Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
РАСУЛӢ БАРОТ
05 ноябри соли 1968 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат – тоҷик.
Аз феврали соли 1983 - дар вазифаҳои гуногуни совхози ба номи Чаппаеви ноҳияи Уротеппа
Аз сентябри соли 1995 – Нозири минтақавии милитсияи бахши тартиботи ҷамъиятии ШКД Ҳукумати шаҳри Уротеппа;
Аз феврали соли 1996 – Муфаттиши бахши тафтишотии ШКД Ҳукумати шаҳри Уротеппа;
Аз декабри соли 1997 – Муфаттиши калони бахши тафтишотии ШКД Ҳукумати шаҳри Истаравшан;
Аз июни соли 2001 – Сардори бахши тафтишотии ШКД шаҳри Истаравшан;
Аз июли соли 2004 – Ёрдамчии сардори воҳиди ташкилию нозиротии ШКД шаҳри Истаравшан;
Аз ноябри соли 2005 – Муфаттиши бахши назоратию методии шуъбаи тафтишотии РКД вилояти Суғд;
Аз майи соли 2006 – Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими бахши назоратию методии шуъбаи тафтишотии РКД вилояти Суғд;
Аз декабри соли 2006 – Сардори шуъбачаи тафтишотии марбут ба ҷиноятҳои муташаккили шуъбаи тафтишотии РКД вилояти Суғд;
Аз апрели соли 2007 – Муфаттиши калони бахши якуми шуъбаи тафтишотии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
Аз декабри соли 2007 – Муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими бахши назоратию методии шуъбаи тафтишотии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе;
Аз апрели соли 2012 - Сардори бахши дуюми шуъбаи тафтишотии раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд;
Аз ноябри соли 2014 - Сардори шуъбаи дуюми раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз июли соли 2015 - Муовини сардори шуъбаи чоруми раёсати тафтишотии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз июни соли 2017 - Муовини сардори сарраёсат - сардори раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз феврали соли 2022 - Сардори раёсати экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз феврали соли 2024 - Муовини якуми директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Полковники адлия.
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд