Муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
ТАЛБАКЗОДА СУЛАЙМОН ТАЛБАК
23 июни соли 1971 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст.
Миллат –тоҷик
Соли 1999 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимиро хатм кардааст.
Соли 2009 - Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппаро хатм намудааст.
Соли 2020 - Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.
Солҳои 1990-1993 - Муҳандиси Шуъбаи истеҳсолию техникии ПМК №17
Солҳои 1993-1995 - Мутахассиси дараҷаи 2-юми Шуъбаи истеҳсолию-техникии асосии вилояти Хатлон
Солҳои 1995-2002 - Мутахассиси дараҷаи 1 Шуъбаи истехсолӣ-техникии Идораи сохтмони асосии комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии вилояти Хатлон
Солҳои 2002-2003 - Сармутахассиси Шуъбаи истеҳсолӣ-техникии Раёсати сохтмони асосии комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии вилояти Хатлон
Солҳои 2003-2006 - Мутахассис оид ба тафтишот ва санҷиши корҳои сохтмони Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Солҳои 2006-2007 - Мутахассиси пешбари Шуъбаи назорати молиявии мақомоти ғайринизомӣ, ҳокимият ва судҳо бо Идораи назорати молиявии мақомоти ҳокимият ва Идораи давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2012 - Мутахассиси пешбари Бахши назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон
Соли 2012 (05-12) - Сармутахассиси Шуъбаи назорати субъектҳои хоҷагидории давлатии Раёсати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2012-2014 - муовини сардори Шуъба - сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2015 - муовини сардори Шуъба-сардори бахши якуми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2016 - муовини сардори Раёсат – сардори Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Солҳои 2016 – 2020 - Сардори Раёсати назорати субъектҳои хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва қарзҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2020 – 2021 - Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз 5 июли соли 2021 муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Донандаи забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
Оиладор соҳиби 5 фарзанд










