Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ

 

        Санаи 13 ноябри соли 2019 дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мулоқоту вохӯрии кормандони Раёсат бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, корхонаву муассисаҳои давлатӣ ва фаъолони шаҳр баргузор  гардид.

      Дар чорабинии мазкур кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба иштирокдорон дар мавзӯӣ "Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020", таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз мулоқот бо кормандони соҳаи молия, андоз, гумрук ва бонкдории кишвар бармеоянд ва дигар ҷанбаҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

    070809

         Таъкид гардид, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем.

    

Маркази матбуоти Агентӣ.

 

 


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2021.