Суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентӣ дар самти муқовимат ба коррупсия

 

Дар моҳи январи соли 2020 кормандони Шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар асоси нақшаи чорабиниҳо, оиди баргузор намудани мулоқоту вохӯриҳо бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳои миқёси вилоят барои нимсолаи якуми соли 2020 бо фаъолони як қатор ҷамоатҳои деҳоти шаҳру ноҳияҳои Ғончӣ, Деваштич, Конибодом, Б.Ғафуров, Бустон, Ашт, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров, кормандони ҷузъу томҳои Раёсати хадамони давлатии оташнишонии вилояти Суғд, бо кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Суғд суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Дар суҳбату вохӯриҳои гузаронидашуда ба самъи иштирокчиён шарҳи мӯҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат расонида шуда, дар як вақт масъалаҳои пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва вазъи содиршавии чунин ҷиноятҳо дар ҳудуди вилояти Суғд мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Суҳбату вохуриҳои гузаронидашуда баҳри иҷрои дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд ва дар ин замина таъмини иҷрои босифати нақшаву барномаҳои зиддикоррупсионӣ заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

 

          Маркази матбуоти Агентӣ.


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2021.