Тасарруфи маблағҳои ҳаққи истифодаи қувваи барқ

 

Раҳмонов Раҳмонқул Мусохонович дар вазифаи мутахассиси техникӣ-барқчии ҶДММ “Илмию истеҳсоли”-и Иттифоқи “Тоҷикматлубот” кор карда, аз моҳи марти соли 2019 то моҳи декабри соли 2020 аз истгоҳи трансформатори Т-1-630/10-и ҷамъияти мазкур ба миқдори 980683 кВтс қувваи барқро истифода намуда, аз соҳибкорони корхонаҳои истеҳсолӣ, марказҳои хизматрасонӣ ва савдои дар ҳудуди ҷамъият фаъолияткунанда маблағи умумии 586116,67 сомонии истифодаи қувваи барқро ҷамъоварї карда, ба ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе” пардохт накарда, маблағи дар ихтиёраш бударо бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намуда ба манфиатҳои шахсияш сарф кардааст.

Дар ин асос нисбати Раҳмонов Р.Р. бо моддаи 245 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шуд.

          Маркази матбуоти Агентӣ


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2021.