Талаби маблағ барои иваз намудани ҷазои ҷиноятӣ

 

Собиров Абдумаҷид Холмирзоевич дар вазифаи нозири Шуъбаи корҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда, бо истифодаи мақоми хизматӣ, барои мусоидат кардан дар таъини ҷазои сабуктар нисбати шаҳрванд “А”, ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар суди ноҳияи Шаҳринав мавриди баррасӣ қарор дошт, аз охирин маблағи 10.000 сомонӣ талаб карда гирифта, боз оварда додани маблағи 8.000 сомонии дигарро талаб намуд.

Санаи 21 июли соли 2020 дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Собиров А.Х. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 8000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин асос нисбати Собиров А.Х. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.

 

  Маркази матбуоти Агентӣ.


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2021.