Баргузории чорабинии мақсадноки зиддикоррупсионӣ

 

22 январи соли 2021 бо ташаббуси кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар толори маҷлисгоҳи «Кохи фарҳанги Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони Раёсати фарҳанги вилоят, роҳбарони театрҳои касбӣ, мудирони бахшу шуъбаҳои фарҳанги шаҳру ноҳияҳои ҳудуди вилоят мизи мудаввар ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар чорабинии зикршуда ба иштирокчиён оид ба моҳият ва мазмуни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», ки моҳи августи соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шудааст, аз ҷумла мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои муқовимат ба коррупсия, субъектҳои муқовимат ба коррупсия, усулҳои муқовимат ба коррупсия, кафолати дахлнопазирии субъектони дар муқовимат ба коррупсия мусоидаткунанда ва дигар масъалаҳо шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Зимнан, дар рафти баргузории мизи мудаввар намояндагони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ба саволҳои иштирокчиён посуҳои мушаххас гардониданд.

Мизи мудаввар дар сатҳи баланди ташкилӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории созанда ва натиҷабахш анҷом пазируфт.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.


Официальный сайт
Президента Республики Таджикистан

Официальный сайт Генеральной
прокуратуры Республики Таджикистан

Министерство внутренних дел
Республики Таджикистан

Агентство по контролю за наркотиками при
Президенте Республики Таджикистан

Налоговый комитет при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Таможенная служба при Правительстве
Республики Таджикистан

 

Национальное информационное
агентство Таджикистана «Ховар»

 

Палата торговли и промышленности
Республики Таджикистан

 

© АГЕНТСТВО ПО ГОСУДАРСТВЕННОМУ ФИНАНСОВОМУ НАДЗОРУ И БОРЬБЕ С КОРРУПЦИЕЙ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН , 2013-2021.