Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Президент

  Ҳамватанони азиз!Сокинони шарафманди шаҳри бостонии Панҷакент! Имрӯз ҳамаи мо ба ифтихори таҷлили яке аз ҷашнҳои бошукӯҳи аҷдодиамон - Наврӯзи байналмилалӣ гирди ҳам омадаем. Ба ин муносибат кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони сарбаланду фарҳангпарвари шаҳри Панҷакент ва вилояти Суғдро самимона табрик мегӯям. Ҳамчунин, ....
28.03.2018 19:19 490


  Ҳамватанони азиз!Меҳмонони арҷманд!Ҳозирини гиромӣ! Ҷашни байналмилалии Наврӯз – Соли нави мардумони ориёиро, ки якҷо бо фасли баҳор, яъне айёми эҳёи табиат сарзамини мо, аз ҷумла пойтахти азизамон – шаҳри Душанберо боз ҳам дилкашу зебо гардонидааст, ба кулли мардуми мамлакат ва ҳамаи ....
25.03.2018 18:22 500


  Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ,Муҳтарам ҷаноби Муовини Дабири Кулл,Хонумон ва ҷанобон, Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд, комгорона анҷом  додем. Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ....
23.03.2018 18:20 497


  Муҳтарам ҷаноби Муовини Раиси Маҷмаи Умумӣ, Муҳтарам Муовини Дабири кулл, Пеш аз ҳама мехоҳам ба Шумо ҷиҳати таҳия ва ташкили чорабинии имрӯза оид ба масъалаҳои ҳамбастагии обу энергетика изҳори сипос намоям. Тоҷикистон ҷонибдори пешбурди раванди ҳалли самараноки масъалаҳо дар соҳаи обу энергетика буда, ....
23.03.2018 18:12 541


  Муҳтарам ҷаноби Раис!Муҳтарам Дабири кулл!Хонумҳо ва ҷанобон! Дар оғоз мехоҳам ба Раиси иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Мирослав Лейчак барои даъват ва ташкили чорабинии сатҳи баланд ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ....
22.03.2018 15:46 498


  Ҳамватанони азиз! Муҳтарам аҳли зиёи кишвар! Дар остонаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ нахуст, кулли мардуми шарифи Тоҷикистони азиз, ҳамзабонони бурунмарзӣ, мардумони ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ва ҳамаи зиёиёни мамлакатро ба ифтихори ин ҷашни бостонӣ табрик мегӯям. Дар Соли нави аҷдодӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ....
19.03.2018 13:25 588


  Ҳозирини арҷманд! Мулоқоти имрӯзаи мо дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти прокуратура баргузор мегардад. Бинобар ин, ҳамаи кормандони мақомотро ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо, аз ҷумла ба ҳар яки шумо, ҳозирини муҳтарам, саломативу барори кор орзу менамоям. Эъмори ҷомеаи демократӣ ....
13.03.2018 14:07 683


Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Мирзиёев Шавкат Мирамонович! Муҳтарам зиёиён ва намояндагони фарҳангу санъати кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистон! Ҳозирини гиромӣ! Дар ин лаҳзаҳои бисёр фараҳбахш сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯсти арҷманд ва бародари гиромӣ — Шавкат Мирамонович Мирзиёевро ба ....
09.03.2018 17:17 435


  Имрӯз дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аъзои кумитаи тадорукот ҷаласа баргузор шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки истиқлолият яке ....
28.02.2018 13:46 511


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.