Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 | Мо соли ҷорӣ бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархурдор гардиданд. | Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ” ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд. | Ба роҳ мондани муборизаи қатъӣ бо амалҳои коррупсионӣ шарти муҳимми фароҳам овардани фазои ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷомеа ва таҳкими эътимоди мардум нисбат ба сохтору мақомоти давлатӣ мебошад. | Бинобар ин, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палатаи ҳисоб, Прокуратураи генералӣ ва дигар субъектҳои ваколатдори соҳа бояд ҳамкориро бо аҳолӣ беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати гузоштани садди устувор дар роҳи амалҳои коррупсионӣ тадбирҳои муассир андешанд. | Ҳамзамон бо ин, якҷо бо Вазорати адлия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”-ро, ки соли 2005 қабул шудааст, вобаста ба шароити имрӯза дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд. | Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. | Аз ин рӯ, тамоми кормандони мақомоти судӣ, прокуратура, корҳои дохилӣ, амният, агентиҳои назорати маводи нашъаовар, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо мақсади таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии ҷомеа, пешгирӣ ва сари вақт ошкор кардани ҷиноятҳо, муайян ва бартарафсозии сабабу омилҳои содиршавии онҳо чораҳои ҷиддӣ андешанд. | Барои расидан ба ин ҳадафҳо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд, пеш аз ҳама, худашон талаботи қонунҳоро дар кору фаъолияти хеш қатъиян риоя намоянд ва дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намунаи ибрат бошанд. |

Суханрониҳо

  Ҳамдиёрони азиз! Мулоқоти имрӯзаи мо дар идомаи чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 28 - солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон, ки се рӯз пеш дар тамоми гӯшаву канори мамлакат бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз истиқлолу пойдории сулҳу субот таҷлил гардид, баргузор ....
16.09.2019 10:05 184


  Ҳамватанони азиз!Ҳозирини гиромӣ! Бо камоли ифтихору фараҳмандӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, сокинони пойтахти кишвари азизамон ва ҳамаи шумо, ширкаткунандагони тантанаи имрӯзаро бори дигар ба муносибати ҷашни муқаддаси миллӣ - 28 - умин солгарди истиқлоли давлатӣ ва ба истифода додани ....
10.09.2019 09:03 220


  Ҳамватанони гиромӣ! Омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони азиз! Имрӯз дар саросари кишвар соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо дарси сулҳ шурӯъ мекунанд. Ба ин муносибат устодону омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ, падару модарон ва бахусус, кӯдаконеро, ки имсол ....
02.09.2019 09:47 140


  Ҳозирини гиромӣ! Имрӯз ҳамаи мо дар маросими ифтитоҳи боз як муассисаи тандурустӣ дар шаҳри Душанбе, ки самараи марҳалаи созандагиву ободкории кишварамон мебошад, иштирок мекунем. Ба ин муносибат ҳамаи кормандони муассисаҳои тиббии пойтахтро табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи ҳифзи сиҳатии сокинон барори кор ....
02.09.2019 09:46 129


  Ҳамватанони азиз! Қабл аз ҳама, ба хурду бузурги ноҳияи Ховалинг ва ба ҳар яки шумо, ҳозирини гиромӣ, барои пазироии самимии Роҳбари давлат арзи сипос карда, ба хонадони ҳамаи сокинони ноҳия файзу баракат ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. Имрӯз мо бо натиҷаҳои ....
08.08.2019 08:11 259


  Ҳамватанони азиз! Пеш аз ҳама, ба ҳамаи шумо, ҳозирини гиромӣ ва тамоми сокинони меҳмоннавози ноҳияи Ховалинг барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумат ва азму талоши ватандӯстонаатон ба хотири ободии ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамон изҳори сипосу миннатдорӣ менамоям. Орзуманди он ҳастам, ки дар хонадони ....
08.08.2019 08:09 196


  Ҳамдиёрони гиромӣ!Устодону омӯзгорон ва шогирдони азиз! Вақтҳои охир дар тамоми қаламрави кишварамон ба истиқболи шоистаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагиву ободонӣ босуръат ҷараён доранд. Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара низ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватандӯст, ....
15.07.2019 09:05 361


  Муҳтарам ҳамкорон ва роҳбарони ҳайатҳо,Муҳтарам ширкаткунандагони ҷаласа,  Пеш аз ҳама, мехоҳам ба Ҷумҳурии Мардумии Чин барои садорати муваффақ ва корҳои анҷомдодашуда дар марҳилаи муҳими рушди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) изҳори миннатдорӣ намоям. Тоҷикистон дар давраи садорати худ дар ....
17.06.2019 12:53 496


  Ҳамдиёрони азиз! Мо имрӯз ба назди шумо, сокинони шарафманди деҳоти Пушинги ноҳияи Данғара омадем, ки бо натиҷаҳои заҳмати созанда ва дастоварду комёбиҳоятон дар ҷодаи дастгирӣ кардану амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз наздик ....
27.05.2019 08:16 545


Сомонаи расмии
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сомонаи расмӣ Прокуратураи генералии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорати корҳои дохилии
 Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агентии назорати нашъовари назди
Презтиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кумиати андози назди Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Агентии Миллии иттилоотии
Тоҷикистон "Ховар"

 

Палатаи савдо ва саноати
Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

© АГЕНТИИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН , 2013-2019.