Ба истифода додани коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ ва бетон бо озмоишгоҳи муосир дар маҷмааи истеҳсолии КВД «Роҳсоз» дар шаҳри Душанбе

Ба истифода додани коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ ва бетон бо озмоишгоҳи муосир дар маҷмааи истеҳсолии КВД «Роҳсоз» дар шаҳри Душанбе  13.09.2022

13 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз»-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Маҷмааи истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» аз коргоҳҳои асфалтбарорӣ, сангмайдакунӣ, бетон, тахтасангу канорасангҳо бо озмоишгоҳи муосир, бинои маъмурият ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

 

Коргоҳҳои нави истеҳсолӣ бо технологияи муосир дар пойтахти мамлакат ба истиқболи ҷашн 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», 2022 -2026 бо маблағузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Гулбутта дар масоҳати 12 гектар замин бунёд ёфтаанд.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст аз Озмоишгоҳи муосир боздид намуда, бо имконот ва самти фаъолияти он шинос шуданд.

 

Озмоишгоҳи муосири Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» дар асоси талаботи ҷаҳонӣ дар масоҳати зиёда аз 250 метри мураббаъ ташкил гардидааст.

 

Дастгоҳу таҷҳизоти озмоишгоҳ тамғаи «MATEST» -и истеҳсоли кишварҳои Италия ва Америка буда, ҳадаф аз таъсиси он таъмини сифат, бехатарӣ ва пойдории маҳсулоти коргоҳхои корхона мебошад.

 

Дар озмоишгоҳ бо мақсади санҷиши сифати молу маҳсулоти роҳсозӣ ва сохтмонӣ 110 асбоб ва лавозимоти озмоишгоҳӣ мавҷуд аст.

 

Тамоми маҳсулоти хом, нимтайёр ва тайёри корхона, қабл аз коркард ва баъд аз он аз ҷониби мутахассисон мавриди санҷиш қарор гирифта, сифатнокии он муайян ва барои коркарду истифода равона карда мешаванд.

 

Мутахассисону муҳандисони ватанӣ бо истифода аз шароити мавҷуда имкон доранд, ки таркиби омехтаҳои асфалтубетон, миқдори қир дар омехта, хӯрдшавии сангреза, ёзиши қир то ҳадди зарурӣ, ҳади мустаҳкамии намунаҳои асфалтубетонӣ ва сементубетонӣ, зичии хокҳои зичкардашуда ва ғайраро дар доираи талаботи байналмилалӣ муайян намоянд.

 

Ҳамчунин имкон аст, ки бо истифода аз технологияи муосири озмоишгоҳ дар иншооти бунёдшаванда, аз ҷумла роҳҳо санҷишҳои сайёр дар асоси талаботи ҷаҳонӣ анҷом дода шавад.

 

Технология ва хатҳои истеҳсолии тамоми коргоҳҳои нави саноатӣ дар маҷмааи набунёд дар шаҳри Душанбе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Италия, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Туркия ворид карда шуда, бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд.

 

Пас аз шиносоӣ бо имконоти озмоишгоҳи муосир Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти коргоҳҳои истеҳсолӣ оғоз бахшиданд.

 

Бо ифтитоҳи ин маҷмааи истеҳсолӣ 400 нафар шаҳрвандони мамлакат дар ду баст ва дар се баст 600 кас бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин мешаванд.

 

Аснои шиносоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолияти маҷмаа иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи истеҳсоли асфалтобетон 160 тонна маҳсулот дар як соат мебошад.

 

Дар ин маҷмаа бо истифода аз коргоҳи тамғаи «AMMANN» сангрезаи бо қир сиёҳкардашуда, асфалту бетони калонда, асфалту бетони майдадонаи навъҳои «А, Б, В» ва асфалтобетони сангрезаю мастикӣ – «ШМА» бо сифати баланд ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол мегардад.

 

Тамоми маводи хом барои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифат маҳаллӣ буда, аз он бо риояи стандартҳои ҷаҳонӣ маҳсулот омода карда мешавад.

 

Дар коргоҳи истеҳсоли асфалтобетон ҳамчунин захирагоҳи мум бо ғунҷоиши 160 тонна ва захирагоҳи хокаи минералӣ бо ғунҷоиши 480 тонна маҷуд мебошад.

 

Коргоҳи сангмайдакунӣ дар ин маҷмаа имкон дорад, ки дар як соат аз 120 то 140 тонна маҳсулот, аз ҷумла қум, сангреза бо андозаи аз 5 то 15 миллиметр ва сангрезаи калондода бо андозаи аз 15 то 30 миллиметрро истеҳсол намояд.

 

Истеҳсоли тахтасангу канорасангҳо низ дар ин маҷмаа бо истифода аз технологияи муосир амалӣ карда шуда, бо риояи меъёрҳои ҷаҳонӣ 3 навъ тахтасангу канорасанг омода карда мешавад.

 

Иқтидори истеҳсолии ин коргоҳ аз 40 то 60 метри мураббаъ тахтасанг ва аз 60 то 360 метри тӯлонӣ канорасанг буда, бо истифода аз шароити мавҷуда оянда иқтидори истеҳсолӣ боз ҳам баланд бардошта хоҳад шуд.

 

Барои кашондан маҳсулоти хому тайёри коргоҳҳо зиёда аз 60 техникаю механизми гуногунтамға харидорӣ гардидааст.

 

Коргоҳҳои нави саноатӣ бо озмоишгоҳи муосир дар миқёси давлатҳои Осиёи Марказӣ беназир буда, дар боло бардоштани иқтидори истеҳсолии мамлакат нақши назаррас мегузоранд.

 

Дар Маҷмааи нави истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» ҳамчунин бинои маъмурии дуошёна бо таҳхона мавҷуд мебошад. Бино дар масоҳати беш аз 928 метри мураббаъ сохта шуда, дар он ҳуҷраҳои кории роҳбарият, мутахассисон, маҷлисгоҳ бо 15 ҷойи нишаст ва ошхона бо 90 ҷой ташкил карда шудаанд.

 

Маҷмааи нави истеҳсолӣ дар пойтахти мамлакат имкон медиҳад, ки талаботи ширкату корхонаҳо ва сокинон бо маҳсулоти сохтмонию роҳсозии аълосифати ватанӣ таъмин карда шавад.

 

Иттилоъ дода шуд, ки ташкили ин маҷмаа аз нигоҳи инфрасохтор дар қаламрави ҷумҳурӣ ягона буда, вобастагии коргоҳҳо аз ҳамдигар имкон медиҳад, ки маҳсулот бо сифати баланд ва дар муҳлати кутоҳ пешниҳоди истифодабарандагон гардад.

 

Баробари таъсису ба фаъолият оғоз кардани коргоҳҳои нав ҳамчунин дар доираи татбиқи лоиҳа коргоҳи истеҳсоли бетон бо иқтидори 35 - 40 метри мукааб дар як соат бо истеҳсоли 8 тамғаи бетон дар он ва коргоҳи истеҳсоли шағал бо андозаи аз 70 то 100 миллиметр барои таҳкурсии роҳ бо иқтидори 30 - 45 тонна дар як соат дубора барқарор карда шуд.

 

Ба андешаи мутахассисон ифтитоҳи коргоҳҳои нави истеҳсолӣ имкон медиҳад, ки дар раванди сохтмону навсозии роҳу купрукҳо дар шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ мамлакат навгониҳои тоза дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ карда шавад.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ҷараёни фаъолияти коргоҳҳои нави саноатӣ аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёр дидан намуданд.

 

Дар намоишгоҳ наздики 40 навъ маҳсулоти истеҳсолии коргоҳҳои нави ватанӣ муаррифӣ карда шуд.

 

Иттилоъ дода шуд, ки оянда дар асоси иқдомҳои созандаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе коргоҳҳои истеҳсоли қубуру симҷӯбҳои бетонӣ, новаҳои оҳану бетонӣ, маҳсулоти оҳану бетонӣ барои сохтмони каналҳо ва новаҳои оҳанубетонӣ барои хатҳои қубурҳои гармидиҳанда ва дигар маҳсулоти сохтмонию роҳсозӣ фаъол карда мешавад ва ҷойҳои кории нав таъсис меёбад.

 

Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо дар самти фароҳамсозии имконоти мусоид ҷиҳати коркарди ашёи хоми маҳаллӣ то ба ҳади ниҳоӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ намуна арзёбӣ карда, бунёду мавриди истифода қарор гирифтани корхонаву коргоҳҳои нави саноатиро дар пойтахт барои татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ - саноатикунонии босуръати кишвар муҳим маънидод карданд.

 

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар шаҳри Душанбе бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва «Солҳои рушди саноат», 2022-2026 бо истифода аз имконоту иқтидорҳои мавҷуда соли 2021-ум 26 корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ ва дар 8 моҳи соли равон 16 адад мавриди истифода қарор гирифтааст.

 

Саҳн ва ҳудуди коргоҳҳои истеҳсолии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳсоз» дар доираи тадбирҳои созанда сабзу хуррам карда шуда, масоҳати 8 ҳазор метри мураббаъ майсазор гардидааст. Ҳамчунин роҳравҳои ҳудуди маҷмаа бетонпӯшу мумфарш гардида, 953 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шудааст.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ