Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон  05.04.2023

5 апрел дар Қасри миллат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти хосса ва бо иштироки ҳайатҳои расмӣ президентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ оид ба тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишварро баррасӣ намуда, атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмиллалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карданд.

Ҷиҳати таъмиқу тавсеаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, ки бар пояи мустаҳками дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтиром ва эътимоди ҳамдигар асос ёфтаанд, самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ муайян карда шуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро самимона хайрамақдам гуфта, ҷараёни тамосҳои мунтазами сиёсиро, ки дар ташаккул ва пешбурди пурсамари рӯзномаи муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон нақши калидӣ доранд, бо қаноатмандӣ қайд намуданд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки сафари давлатии Сарвари давлати дӯст ба Тоҷикистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зикр карданд, ки тайи сӣ соли равобити дипломатӣ Тоҷикистону Озарбойҷон тавонистанд механизмҳои муассири ҳамкориро бунёд намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд, ки имрӯз ба нафъи ду халқи бародар хизмат мекунанд.

Зимни мулоқот бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараёни рушди устувори ҳамкориҳои ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу, иқтисодӣ, фарҳангиву, гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният қайд намуданд.

Густариши ҳамкории байнипарлумонӣ, ки дар натиҷаи сафарҳои мутақобилаи сарони парлумонҳои ду кишвар мазмуни тоза касб кардааст, ҳамчун ҷузъи таркибии маҷмӯи робитаҳои гуногунҷанба арзёбӣ гардид.

Масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ба таври муфассал баррасӣ шуда, дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати рушди минбаъдаи ин самти муносибатҳо тавофуқ ҳосил шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо ба самтҳои ҳамкорӣ, аз қабили сармоягузорӣ, кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва маҷмуи сӯзишворию энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки дар соҳаи кооператсияи саноатӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноати сабук, кимиё ва маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, коркарди алюминий, нахи пахта, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ва металлҳо имкониятҳои зиёд мавҷуд аст.

Дар бахши энергетика, Пешвои миллат ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро оид ба иштироки ширкатҳои озарбойҷонӣ дар коркарди конҳои нафту гази Тоҷикистон таъйид намуданд.

Дар соҳаи нақлиёту транзит оид ба истифодаи фаъолтар аз имконоти транзитии Озарбойҷон ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои сохторҳои давлатӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон табодули андеша сурат гирифт.

Дар доираи гуфтушунид самти гуманитарии муносибатҳои ду кишвар ҷойгоҳи хосса доштанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои амниятӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор доштанд.

Сарони ду кишвар аз таҳкими ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, киберҷинояткорӣ ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ҷонибдорӣ намуданд.

Ҷонибҳо доир ба маҷмӯи масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври муфассал мубодилаи афкор намуданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ҳамкории зичи ҷонибҳо дар арсаи байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, ки Тоҷикистон ва Озарбойҷон аъзо ва иштирокчиёни онҳо мебошанд, таъкид гардид.

Дар охири музокироти сатҳи олӣ Президенти мамлакат ба ҷониби Озарбойҷон ҷиҳати пуштибонӣ аз ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим изҳори сипос карданд.

Чоп намудан E-mail

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  05.04.2023

5 апрел Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

Маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват карданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат анҷом ёфт.

Ҳамчунин тибқи муқаррароти расмии маросими истиқболи сафарҳои давлатӣ ба ифтихори ташрифи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.

Чоп намудан E-mail

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд

Иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Хуҷанд  30.03.2023

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар тантанаҳои ҷумҳуриявии идона ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанон ва иштирокчиёни ҷамъомади тантанавии наврӯзиро ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муқаддасу мубораки миллиамон - Наврӯз табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини мамлакат хушбахтӣ, иқболи баланд ва файзу баракати наврӯзӣ орзу карданд.

Таъкид гардид, ки Наврӯз барои мардуми мо баробар бо Рӯзи истиқлоли давлатӣ бисёр азизу гиромӣ мебошад, зеро маҳз ба шарофати истиқлолу озодӣ мо ойину суннатҳои деринаи миллии худ, аз ҷумла Наврӯзро эҳё намудем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолро ҳамчун ҳадяи сарнавишти миллат ва Наврӯзро чун шоҳсутуни таърихи пурифтихори тоҷикон арзёбӣ карда, онҳоро пайвандгари наслҳои имрӯзу оянда номиданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои нозироти андоз дар шаҳри Гулистон

Ифтитоҳи бинои нозироти андоз дар шаҳри Гулистон     29.03.2023

29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Масоҳати бинои 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.

Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.

Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.

Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию ӯҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро чиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, саривақт бақайдгирии шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон

Ифтитоҳи кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон  29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Гулистон бинои Муассисаи давлатии таълимии томактабии рақами 4 ба номи “Баҳор”-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинои Кӯдакистони “Баҳор” дуошёна буда, баъди таъмиру навсозӣ дар доираи тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ба истифода дода шуд. Иншооти нави соҳаи маориф  бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати мамлакат навсозӣ гардидааст.

Бинои нав дорои маркази гармидиҳӣ мебошад, ки дар фасли зимистон гармии дохили иншоот тавассути он таъмин карда мешавад. 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Кӯдакистони “Баҳор” барои ба таҳсили томактабӣ ва таълиму тарбия фаро гирифтани 240 кӯдак пешбинӣ гардидааст. 

Муассисаи томактабӣ аз синфхонаҳои муҷаҳҳази рассомӣ, толори мусиқӣ, рақс, забономузӣ ва ҳуҷраҳои корию фароғатӣ ва тиббӣ иборат мебошад.

Дар Кӯдакистони “Баҳор”-и шаҳри Гулистон таҳсил бо забони тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда мешавад. Раванди омӯзиши барномаи томактабӣ ба кӯдакон тавассути технологияи муосир сурат мегирад. Бо назардошти шароити муосири таълим, ки бо истифода аз тахтаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад, дар маҷмуъ 8 гурӯҳи кӯдакон ба тарбия фаро гирифта мешаванд.  Дар оянда бо истифода аз имконоти фароҳамшуда дар кӯдакистон омӯзиши забони англисӣ низ ба роҳ монда мешавад.

Бо ба фаъолият шуруъ кардани Кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистон 30 нафар бо ҷойи кори доимӣ фаро гирифта шуданд, ки бештар аз 10  нафари онҳоро мураббиён ташкил медиҳанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити дар кӯдакистон муҳайё гардида шинос шуда, кормандони соҳаи маорифро барои таълиму тарбияи дурусти кӯдакон ва дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас ҳидоят карданд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба фаъолият оғоз кардани Кӯдакистони “Баҳор” дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд шумораи муассисаҳои томактабӣ ба 11 расид, ки аз ин яктои он хусусӣ мебошад.  Сатҳи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар шаҳр қариб 40 фоизро ташкил медиҳад, ки ин раванд дар оянда бо бунёди кӯдакистонҳои нав афзоиш дода мешавад.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” дар шаҳри Гулистон

Ифтитоҳи корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” дар шаҳри Гулистон   29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ба фаъолияти корхонаи парандапарварии “Мурғи бебаҳо” ва сардхонаи замонавӣ оғози расмӣ бахшида, бо шароити кори он шинос шуданд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳудуди “Мурғи бебаҳо” дар доираи тантанаҳои ҷашни бошукуҳи Наврӯзи байналмилалӣ ва таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Аҳад Ϗодиров дар масоҳати беш аз 3 гектар бунёд гардида, дорои шароити муосири кору хизматрасонӣ мебошад.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иншооти нави парандапарварӣ дар масоҳати наздики 2 ҳазор метри мураббаъ бунёд шуда, дар муддати 45 шабонарӯз беш аз 30 ҳазор чуҷа барои истеҳсоли гушти парҳезӣ омода карда мешавад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона 12 нафар сокини шаҳри Гулистон бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуданд.  

Дастгоҳу таҷҳизоти корхона ҷавобгӯи талаботи стандарти кишварҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ буда, ҳавои дохили иншоот бо истифода аз таҷҳизоти махсус мунтазам ва таври автоматӣ тоза нигоҳ дошта мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар он   25 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ҷалб шуданд.  

Корхона имкон дорад, ки дар як сол дар ҳаҷми зиёда аз 300 тонна гушти мурғро барои коркард омода ва ба корхонаҳои истехсолӣ пешниҳод намояд.

Дар ҳамин ҷо ба Президенти мамлакат маҳсулоти корхона аз қабили гушту тухм ва хуроки паранда намоиш дода шуд.

Дар шафати корхонаи мазкур бо саҳми соҳибкор ҳамзамон бинои сардхона баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Иншоот барои захира ва нигоҳдории 3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти гуштӣ пешбинӣ шуда, дар ин замина 8 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд.    

 Бинои сардхона дар масоҳати 768 метри муррабаъ ҷойгир буда, дар он барои муътадил нигоҳ доштани ҳавои дохили иншоот 7 таҷҳизоти замонавӣ насб гардидааст, ки ин тадбир ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани дилхоҳ маҳсулоти зудвайроншаванда дар тамоми фасли сол мусоидат менамояд.

Мавриди зикр аст, ки иншоот дар ҳудуди шаҳри Гулистон аввалин буда, дар оянда дар доираи тадбирҳои созанда шумораи чунин сардхонаҳои замонавӣ афзун мегардад.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона

Ифтитоҳи фабрикаи парандапарварии ҶДММ “Ганҷи Сомон”-и шаҳри Гулистон ва боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти корхона  29.03.2023

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” оғози расмӣ бахшиданд.

Фабрикаи парандапарварии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ганҷи Сомон” дар доираи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саид Қурбонов бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Дар корхона 4 иншооти парандапарварии усули бройлерӣ, бо истифода аз таҷҳизоту технологияи муосири соҳа, бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ сармояи мустақими соҳибкорӣ сохта, муҷаҳҳаз карда шудаааст.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар фабрика дар як марҳила 50 ҳазор сар парандаи гӯштӣ парвариш меёбад. Тибқи технология ва қоидаҳои зооветеринарӣ чӯҷаҳои зоти бройлерӣ давоми то 45 рӯз ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5 килограм вазн мегиранд ва барои забҳу истеҳсоли гӯшт омода мешаванд.

Иқтидори фабрика истеҳсоли дар як марҳила 100 тонна ва дар як сол 400-500 тонна гӯшти парҳезии паранда мебошад. Яъне, соҳибкорони ҷамъияти “Ганҷи Сомон” дар таъмини бозори дохилӣ бо гушти парҳезӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Дар фабрикаи парандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, танзими ҳарорати дохили мурғхонаҳо, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо, иҷрои қоидаҳои зооветеринарӣ, санитариву беҳдоштӣ тавассути технологияи компютерӣ ва усули пешрафта амалӣ карда мешавад.

Дар корхонаи нави парандапарварӣ 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Музди миёнаи меҳнати коргарону мутахассисон 1500 сомонӣ буда, муассис нақша дорад аз ҳисоби даромади минбаъдаи корхона музди меҳнатро боз баланд бардорад.

Тибқи нақшаи дурнамо соҳибкорону мутахассисони ҷамъият марҳилаи дуюми фабрикаро дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон бунёд хоҳанд намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ташаббуси соҳибкори ватанӣ баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуданд, ки дар муҳлати наздик ин корхонаи парандапарварӣ, марҳилаи дуюми он ва корхонаи хӯроки омехтаи чорвою паранда, ки фаъолият дорад, якҷо ба як комплекси калону муосири парандапарварӣ табдил меёбад.

Сарвари давлат ба соҳибкор дастуру маслиҳат доданд, ки инкубатори чӯҷабарорӣ, коргоҳҳои забҳи паранда, коркарду банду басти гӯшти паранда, анбор-сардхона сохта, дар минбаъда комплекси мукаммали парвариши паранда ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расонидани гӯшту маҳсулоти гӯштии аълосифати парандаро таъсис диҳанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Дар гӯшаи намоишӣ тухми инкубатсионии парандаи зоти бройлерӣ, 9 намуди маҳсулоти гӯшти парҳезии паранда дар банду басти ҷолибу хоса, ки дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои парандапарварию коргоҳҳои банду басти соҳа омода гардидааст, ҳамчунин, анвои хӯрокаи паранда ва нақшаҳои истеҳсолию тиҷоратии корхона барои ояндаи наздик муаррифӣ гардид.

Зимни шиносоӣ бо намоишгоҳ ба соҳибкорону мутахассисон ва масъулони соҳа дастур дода шуд, ки ин ва дигар корхонаҳои парандапарварӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе, маркази шаҳру ноҳияҳо фурӯшгоҳҳои фирмавӣ ва тарабхонаву ошхонаи таомҳо аз гӯшту маҳсулоти гӯшти паранда таъсис диҳанд.

 
 

Чоп намудан E-mail

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд

Истиқбол дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд   29.03.2023

29 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар тантанаҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзии баҳорӣ, бунёди боғу токзор, мулоқоту суҳбатҳо бо сокинон ва ифтитоҳи як қатор иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд – аҳли илму фарҳангу адаб, зиёиён ва ҷавонон Пешвои маҳбуби худро бо самимияти афзуну рӯҳияи болида ва дар фазои шукӯҳманди наврӯзӣ пазироӣ намуданд.

Гуруҳи ҷавонон, аҳли фарҳанг ва духтарони атласу адраспӯш бо иҷрои суннатҳои наврӯзи аҷдодӣ шукргузории хешро аз сулҳу ваҳдати миллӣ, фазои ободу шукуфоӣ тараннум, ифтихору сарбаландии хешро аз ташаббусҳо ва эътирофи Пешвои миллати тоҷик дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ифода намуданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ