Ифтитоҳи “Майдони ромишгарон” дар ноҳияи Дарвоз

Ифтитоҳи “Майдони ромишгарон” дар ноҳияи Дарвоз 15.08.2023

15 август дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Майдони ромишгарон”-ро бо муҷассамаҳои арбобони санъат ифтитоҳ намуданд.

Ба хотири гиромидошти хотираи неки шахсони барӯманди соҳаи фарҳанг ва санъати тоҷик дар даромадгоҳи асосии ноҳияи Дарвоз бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайкараҳои ҳунарманди халқии Тоҷикистон, арбоби санъати тоҷик - Акашариф Ҷураев, ромишгари классики тоҷику форс - Борбади Марвазӣ ва ҳунарманди халқии Тоҷикистон - Абдулло Назрӣ қомат афрохтааст.

Муҷассамаи ин чеҳраҳои мондагор бо саҳми соҳибкорони ватанӣ аз тарафи ҳайкалтарошони мумтози тоҷик бо санъати баланди наққошӣ сохта шудааст.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Дарвоз даҳҳо нафар нобиғаҳо, шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанг ба камол расида, дар рушду пешрафти Тоҷикистон нақши босазо гузоштаанд.

Акашариф Ҷӯраев ва Абдулло Назрӣ аз зумраи шахсиятҳое мебошанд, ки мактаби касбии онҳоро имрӯз фарзандону пайравонашон идома медиҳанд. Акашариф Ҷӯраев давомдиҳандаи анъанаҳои санъати мусиқии халқи тоҷик буда, суруду таронаҳои эҷодкардааш мондагору вирди забонҳост.

Борбади Марвазӣ аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраи ҳунари безаволи тоҷик аст, ки ӯро шоҳи ромишгарон унвон додаанд.

Дар ҳамин ҷо бо иштироки фарзандону пайравони Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ ва аҳли санъату ҳунари ноҳия барномаи рангини фарҳангӣ аз эҷодиёти ин чеҳраҳои дурахшони санъати асили мусиқии тоҷик пешниҳод карда шуд.

Қомат афрохтани пайкараи чеҳраҳои тобноки санъату фарҳанги тоҷик дар заминаи сиёсати фарҳандӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, барои гиромидошти шахсияти онҳо мусоидат мекунад.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз

Оғози сафари корӣ дар ВМКБ ва боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар ноҳияи Дарвоз 15.08.2023

15 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз рафти тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.

Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Бадахшон аз ноҳияи Дарвоз оғоз ёфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз нахуст, аз ҷараёни корҳои таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳи “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” дар доираи Лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Қулма боздид намуданд.

Ин қитъаи роҳ 109 километрро дар бар гирифта, ҳудуди ноҳияи Дарвоз ва Ванҷро убур мекунад. Он аз байни қаторкӯҳҳои Дарвоз гузашта, дар миқёси ҷумҳурӣ роҳи душворгузар маҳсуб меёбад ва солҳои тӯлонӣ таъмири асосиро надидааст.

Баъди пурра таҷдиду азнавсозӣ кардан, ин қитъа 16 километр кӯтоҳ мегардад ва дар умум 92,3 километрро ташкил хоҳад дод.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳа дар ин масир 27 сентябри соли 2021 дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз оғоз гардида буд.

Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамоҳангсози он Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди “Душанбе-Чаноқ” ва паймонкори асосӣ корпоратсияи чинӣ оид ба сохтмони роҳ ва купрӯкҳо “Чайна роуд энд бридҷ корпорейшн” мебошад.

Раванди корҳои сохтмонӣ дар ин масир зери назорати пайваста қарор дорад ва муҳлати татбиқи лоиҳа 50 моҳро ташкил медиҳад.

Мутахассисону муҳандисон дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз техникаву механизмҳои муосири роҳсозӣ корҳои сохтмониро дар қитъаҳои гуногун мувофиқи нақша суръат бахшида, барои расидан ба ҳадафҳо аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода мекунанд.   

Дар ин қитъа дар асоси лоиҳа сохтмони 15 пули мошингузар, ду нақб бо дарозии 5 ҳазору 200 метр, 5 долони зиддитармавӣ бо дарозии 438 метр, 22 ҳазор метр канорадеворҳои оҳану бетонӣ ва сангӣ, гузоштани 200 қубури обгузар ва чароғонкунии 14 деҳаи ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ бо дарозии 17,7 километр ба нақша гирифта шудааст.

Зимни муаррифии корҳои иҷрошуда дар доираи лоиҳа иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз 14,5 километр корҳои заминӣ ба анҷом расонида шудааст ва дар 45 километрии роҳ корҳо мувофиқи нақша дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Роҳсозон сохтмони такядеворҳои оҳану бетонӣ ва сангиро низ дар ҳафт қитъа идома медиҳанд. Корҳои тахту ҳамворкунӣ, васеъкунии роҳ, гузоштани қубурҳои обгузар, сохтмони ҷӯйборҳои бетонӣ дар ду канори роҳ, бунёди долону пулҳои мошингузар ва дигар иншооти зарурӣ аз рӯи лоиҳа ба роҳ монда шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба ҳадафҳои рушд, беҳтар намудан ва ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани инфрасохтори соҳаи роҳу нақлиёт тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар ҳамин замина баъди раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ татбиқи ҳадафи дигар - табдил додани Тоҷикистон ба мамлакати транзитӣ оғоз гардид.

Бо ин мақсад имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии зиёда аз 11 миллиард сомонӣ идома дошта, сохтмони қитъаи байналмилалии “Қалъаи Хумб-Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” як қисми ин лоиҳаҳои муҳим мебошад.

Меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ дар ин қитъа ба дараҷаи 3-юми техникӣ дохил мегардад. Роҳи бунёдшаванда аз ду хати ҳаракат иборат аст, ки паҳноии стандартии он 12 метрро ташкил медиҳад. Қисмати паҳноии роҳи мошингард ҳафт метр мумфарш мегардад.

Дар қитъаи роҳи автомобилгарди “Қалъаихумб - Ванҷ, сарҳади Рӯшон” 648 нафар мутахассис бо ҷойи кор таъмин буда, бо истифода аз 206 техникаву механизми муосири роҳсозӣ ва дастгоҳи пармакунии нав корҳои тахту ҳамворкунӣ ва нақбканиро идома медиҳанд.

Корҳои хокканӣ дар ин қитъа дар асоси нақша то имрӯз дар ҳаҷми беш аз 4 миллиону 242 ҳазор метри мукааб, хокрезӣ 119 ҳазор метри мукааб, бартараф кардани мумфарши қаблӣ 5 ҳазору 600 метри мукааб, корҳои хокканӣ дар нақби рақами 1-и деҳаи Кеврон 55 ҳазор метри мукааб ва дар нақби рақами 2-и деҳаи Тогмай 4 ҳазору 214 метри мукааб иҷро гардидааст.

Ҳамчунин мутахассисону роҳсозон дар нақби рақами 1 дар ҳаҷми 2 ҳазору 500 метри мукааб корҳои бетонӣ, беш аз 510 метри мукааб корҳои арматурбандӣ ва бетонрезии сутунпояҳои пули рақами 5, 3 ҳазору 900 метри мукааб корҳои оҳану бетонии такядеворҳо, 2 ҳазору 518 метри мукааб торкрет бетон дар нақби рақами 1 ва 2 ҳазору 390 метри мураббаъ тоза намудани қабати ҳосилхезро ба анҷом расондаанд.

 Дар роҳи мазкур корҳои кӯчонидани хатҳои коммуникатсионии муҳандисӣ идома дошта, 6,7 километр хатҳои алоқа ва 2,6 километр хати барқ иҷро шуда, омода намудани масолеҳи оҳану бетонӣ ва захира кардани қуму шағал аз рӯи нақша идома дода мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо мутахассисону муҳандисон барои боз ҳам суръат бахшидан ба раванди роҳсозӣ, мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор додани ин қитъа ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ҳадаф аз таҷдиду азнавсозии роҳи “Қалъаихумб - Ванҷ, сарҳади ноҳияи Рӯшон” таъмини бехатарӣ ва ҳаракати муътадили воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кардани ҳолат ва андозаҳои геометрии роҳ, инчунин сарфа намудани вақт ва сӯзишворӣ барои кашондани молҳои ниёзи мардум дар ҳама фасли сол, таъмини ҷойҳои корӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.

Бо таҷдиду азнавсозии масири мазкур рафтуомади доимии сокинон таъмин мегардад ва интиқоли молу маҳсулот афзоиш хоҳад ёфт.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи сардхонаи муосир ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ

Ифтитоҳи сардхонаи муосир ва боздид аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Мастчоҳ   07.07.2023

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ сардхонаи муосирро бо ғунҷоиши 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сардхонаи муосир дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва соҳибкорони ватанӣ дар масоҳати 1600 метри мураббаъ бунёд гардида, дорои се анбори захираи маҳсулот мебошад.

Дар сардхона дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ васлу насб карда шудааст, ки барои дар ҳамаи фаслҳои сол беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзӣ имконият медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 20 нафар сохтмончии маҳаллӣ, бо истифода аз масолеҳи оҳану бетонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Фармоишгари иншоот “Муассисаи давлатии рушди Мастчоҳ” ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сохтмон-3” мебошад. Лоиҳаи сардхона аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш” дар ноҳияи Мастчоҳ омода карда шудааст ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир аст.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин иқдомро шоиста арзёбӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки бунёди сардхонаҳои муосир барои захираи маҳсулоти кишоварзӣ имконияти хуби дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза мебошад. Аз ин рӯ, ба ин масъала дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат соҳибкорону хоҷагидорон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда истодаанд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии хоҷагидорони ноҳияи Мастчоҳ боздид ба амал оварданд.

Кишоварзони ноҳия намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, меваҳои хушсифат ва дигар намуди маҳсулотро ба маъраз гузоштанд.

Намоиши маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ бозгӯи он аст, ки сол аз сол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ дар вилояти Суғд, ба хусус ноҳияи Мастчоҳ зиёд карда мешавад.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” дар ноҳияи Мастчоҳ

Ифтитоҳи Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” дар ноҳияи Мастчоҳ  07.07.2023

7 июл дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” бо усули меъмории замонавӣ бунёд ёфта, аз чор ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум қабулгоҳ, маъмурият, ҳуҷраи кормандон, 3 ҳаммоми замонавӣ, ҳавзи шиноварӣ, мағоза, дар ошёнаи дуюм толори варзишӣ, ҳаммоми усули туркӣ, дар ошёнаи сеюм қаҳвахона, утоқи мураббиёни варзиш, маҷлисгоҳ, дар ошёнаи чорум 11 ҳуҷраи мехмонхона ҷойгир аст.

Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо усули хоси аврупоӣ ва миллӣ сохта шуда, барҳавою зебо ва наззаррабо мебошад.

Сохтмони бинои меҳмонхона соли 2020 шуруъ гардида, дар бунёди он соҳибкори ватанӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода саҳм гузошта аст.

Корҳои сохтмонии иншооти мазкурро 40 нафар сохтмончии маҳаллӣ анҷом додаанд. Барои бунёди меҳмонхона ва биноҳои ёрирасони он беш аз 4 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Дар иншооти нави соҳибкори ватанӣ беш аз 20 сокини ноҳияи Мастчоҳ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бинои маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” тибқи лоиҳаи ҷолиб, бо истифода аз усулҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ ва бо омезиши унсурҳои миллӣ сохтаю оро дода шуда, қабулгоҳ, долонҳо ва ҳуҷраҳо бо мебелу таҷҳизоти муосир, мизу курсиҳои замонавӣ, роҳаткурсиҳо, ҷевонҳо, асбобу лавозимоти меҳмондорӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизоти муосир мутобиқ ба стандарт муҷаҳҳаз карда шудааст. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасониҳо дар як вақт то ба 100 нафар меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба соҳибкори ватанӣ барои чунин саҳму иқдоми шоиста баҳои арзанда доданд ва таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ташаббусҳои созандаи соҳибкорони ватандӯстро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Тибқи лоиҳа ва талаботи меҳмонону сайёҳон ба ҷойгиркунӣ ва сохту усули ҳамомҳо ва гармобаҳо таваҷҷуҳи хоса дода шудааст.

Маҷмааи меҳмонхона ва маркази сайёҳии “Раҳим” дар шафати шоҳроҳи “Душанбе-Бӯстон-Чаноқ” бо дарназардошти рафту омади зиёди меҳмонони дохилу хориҷӣ сохта шуда, дар баробари муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ барои меҳмонон шароитҳои хуби истироҳату фароғат фароҳам оварда шудааст.

Маҷмаа дорои шароити замонавии шуғл варзидан ба намудҳои варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва солимгардонӣ мебошад. Бо ин мақсад дар маҷмаа варзишгоҳи болопӯшида, толори варзишӣ, 3 ҳавзи шиноварӣ ва нуқтаҳои машқу тамрин бо таҷҳизоти муосири варзишию солимгардонӣ бунёду муҷаҳҳаз карда шудааст.

Чоп намудан E-mail

Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ

Шиносоӣ бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Арвис Зелал Текстайл” дар ноҳияи Мастчоҳ   07.07.2023

7 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварда, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки аз калонтарин маҷмааи ресандагии вилояти Суғд ба ҳисоб меравад, бо раванди коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли ресмони пахтагин шинос шуданд. 

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ин маҷмааи бузурги ресандагӣ бо саҳмгузории соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркия моҳи декабри соли 2022 баъди таҷидид дубора ба фаъолият оғоз намуд ва дар он зиёда аз 300 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. 

Дар корхонаи калони ресандагӣ шумораи бештари кормандонро занону духтарон ташкил дода, бо ҷойи кор таъмин намудани боз 200 нафари дигар имконпазир аст. 

Дар ин марҳилаи истеҳсолот дар маҷмуъ шумораи кормандон ба 500 нафар расонида мешавад ва музди миёнаи меҳнат 1500 - 2000 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”, ки ҳоло дар се баст фаъолият дорад, дар як сол имконияти коркарди саноатии 6,5 ҳазор тонна нахи пахта ва истеҳсоли 5 ҳазору 400 тонна ресмони пахтагини андозааш 16, 20, 24 ва 30 мавҷуд мебошад. 

Эҳёи дубораи корхона қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин ташкили ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар вилоят калонтарин корхонаи ресандагӣ буда, дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин дастгоҳу таҷҳизоти коркарди нахи пахта ва тавлиди ресмони пахтагин аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Хитой ва Туркия васлу насб шудааст ва ашёи хом пурра аз ҳудуди вилояти Суғд дастрас карда мешавад.  

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот аз масъулони дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта, истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир ва ташкили ҷойҳои нави кориро тақозо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда - ресмони пахтагин имрӯзҳо ба хориҷи мамлакат, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон содирот карда мешавад. Ҳамзамон ҷамъияти мазкур имконият дорад, корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо риштаи пахтагин таъмин намояд.

 Тибқи маълумот, дар давоми моҳи декабри соли 2022 ва шаш моҳи сипаришудаи соли 2023 дар ин маҷмааи калони ресандагӣ наздики 2 ҳазор тонна риштаи пахтагин истеҳсол карда шудааст.   

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сармоягузорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл” дастур доданд, ки дар оянда истеҳсоли ришта дар як сол ба 8 ҳазор тонна расонида шуда,  бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ ва истифодаи самараноку оқилонаи имконияту иқтидорҳои мавҷуда, хусусан коркарди пурраи аёши хом, дар ин ҷо чор марҳилаи комили истеҳсолот, аз ҷумла ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. Дар оянда анҷоми ин тадбир имкон медиҳад, ки дар мамлакат ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ коркард шуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ, ҳамчунин ҳаҷми содироти маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ ба хориҷи кишвар афзоиш ёбад. Масъулони корхонаи ресандагӣ нақша доранд, ки дар оянда истеҳсоли пахтаро ҳам ба роҳ монанд.

Сармоягузорон ваъда доданд, ки корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ баъди ворид кардани хатҳои нави технологӣ ба истифода дода мешавад ва барои таъсиси корхонаи дӯзандагӣ бошад, нақшаҳо тарҳрезӣ шудааст.

Зимни боздид аз намоиши маҳсулоти тайёр иттилоъ дода шуд, ки ширкати “Зелал” дар як қатор кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ҷумҳурии Узбекистон корхонаҳои истеҳсоли матоъ ва маҳсулоти тайёри дӯзандагиро таъсис додааст ва дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик дар назди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арвис Зелал Текстайл”-и ноҳияи Мастчоҳ низ бо амалӣ намудани нақшаю барномаҳои мукаммали истеҳсолӣ ба коркарди ашёи хом то ҳадди ниҳоӣ комёб хоҳад шуд. Таъсиси чунин корхонаҳо аз як ҷониб ба таъмини пурраи бозори дохилу хориҷ бо маҳсулоти тайёри дӯзандагӣ бо нишони “Истеҳсоли Тоҷикистон” мусоидат кунад, аз тарафи дигар боис ба он мегардад, ки ҳазорҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Маркази ташхисӣ-табобатии “Садаф” дар шаҳри Хуҷанд   06.07.2023

6 июл дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Навбаҳори шаҳри Хуҷанд бинои навбунёди Маркази ташхисӣ - табобатии “Садаф”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази ташхисию табобатӣ дар доираи корҳои бунёдкориву созандагӣ ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Наимҷон Тураев сохта шудааст.

Баробари ба истифода додани иншооти соҳаи тандурустӣ 40 нафар мутахассиси баландихтисос бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони иншооти мазкур моҳи сентябри соли 2022 оғоз гардида, дар фурсати муқаррашуда ба итмом расидааст. Маркази ташхисию табобатӣ дорои 12 ҳуҷра ва 34 кат барои беморон мебошад.  

Иншооти мазкур бо истифода аз масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ ва бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ дар масоҳати умумии 0,17 гектар қомат афрохтааст.

Дар Маркази ташхисию табобатии “Садаф” маҷмӯи васеи хизматрасонии тиббӣ, аз қабили ҷарроҳии эстетикии ҷоғу рӯй, гузоштани имплантант ва дармонгоҳи дил ба роҳ монда шудааст.

Бинои навбунёди хуштарҳу замонавӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббӣ ва табобатӣ, аз ҷумла лазери спикане, ки аз Ҷумҳурии Корея дастрас гардидааст, таҷҳизонида шудааст.

Маркази муосири ташхисию табобатии “Садаф” дорои ошхона ва толори маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст мебошад.

Дар бинои нав таҷҳизоти муосири тиббии дандондармонӣ, микроскоп барои гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ, ренгент барои ҷоғу рӯй, ҳуҷраи физиотерапевтӣ, толори истироҳату фароғати кӯдакон ва ҳуҷраҳои кории табибон ҷойгир шудааст.

Дар маркази муосир ҳамаи ташхису табобат бо сифати баланд ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорро ҷиҳати таъмини шароити муосири ташхис ва табобати дандон намуна арзёбӣ карданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфии ҶДММ “Папирус” дар шаҳри Хуҷанд   06.07.2023

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти палиграфии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус”-ро ба истифода дода, бо имконияти истеҳсолии он шинос шуданд.

Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, корхонаи истеҳсолӣ  асосан ба коркарди қоғаз ва истеҳсоли дафтарҳои мактабӣ, фаннӣ, корӣ ва албом машғул мебошад.

Корхона бо хатти муосири истеҳсолӣ, ки сифати маҳсулотро ҳамаҷониба таъмин менамояд ва аз рӯи стандартҳои байналмилалӣ фаъолият мекунад, таъмин гардидааст.

Иқтидори шабонарӯзии корхона 150-200 ҳазор дафтарҳои гуногун ва албомро ташкил медиҳад, ки дар як моҳ ба 4,5 миллион дона баробар мешавад. Барои истеҳсоли ин миқдор маҳсулот 140-150 тонна ашёи хом коркард мешавад.

Маҳсулоти истеҳсолкардаи корхона ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда ба ҳисоб меравад. Тақрибан 98 дарсади маҳсулоти истеҳсолшуда барои содирот пешбинӣ шудааст.

Корхонаи нави истеҳсолии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Папирус” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ дар доираи дастгириҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфта, барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар заминаи мусоид маҳсуб меёбад.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат ба маҳсулоти истеҳсолшуда ва фаъолияти коргарон баҳои баланд дода, намояндагони бахши хусусиро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати мамлакат ва дар ҳамин замина афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулот ҳидоят карданд.

Ифтитоҳи чунин корхонаву коргоҳҳо барои тавлиди маҳсулоти рақобатпазири ивазкунандаи воридот боис гардида, дар оянда метавонанд, ки иқтидори содиротии мамлакатро боз ҳам болотар баранд. Зеро талабот ба чунин маҳсулоти хушсифат на танҳо дар дохил, балки дар хориҷ ҳам хеле зиёд аст.

Сохтмони иншооти мазкур соли 2022 оғоз гардида, бо дарназардошти талаботи замони муосир дар масоҳати наздик ба якуним гектар замин бунёд ёфта, ҳамчунин дорои дигар иншооти ёрирасон  мебошад. 

Рушди соҳаи саноат, баланд гардидани иқтидори истеҳсолӣ, таъмин намудани сокинони мамлакат бо ҷойҳои нави корӣ ва дар ин замина кам намудани сатҳи камбизотӣ аз масъалаҳои асосӣ ба шумор рафта, пайваста зери таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ҳамин аст, ки сол то сол дар ҷумҳурӣ шумораи корхонаҳои саноатӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба маротиб афзоиш меёбад.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд

Ифтитоҳи Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман” дар шаҳри Хуҷанд  06.07.2023

6 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати варзишгоҳи 20 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маркази савдо ва фароғатии “Хонаи ман”-ро ба истифода доданд.

Иншооти хизматрасонӣ аз 3 ошёна иборат буда, дар масоҳати қариб 6 ҳазор метри мураббаъ бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандарти меъмории муосир сохта шудааст.

Дар Маркази савдою хизматрасонии “Хонаи ман” дар маҷмуъ 70 нафар бо ҷойи кор таъмин шудааст ва оянда бо васеъ кардани доираи фаъолият шумораи кормандон ба 100 нафар расонида мешавад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти хизматрасонӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Дар зарфи ду сол 90 нафар мутахассиси соҳибтаҷриба тавонистанд иншоотро бо тарҳи зебо, мутобиқ ба талаботи замон ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд созанд.

Тавассути бунёди ҳамин гуна маркази хизматрасонии хуштарҳу замонавӣ ва дар асоси таҷрибаи ғанӣ ба роҳ мондани фаъолият хизматрасонӣ ба талаботи муосири сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ гардонида мешавад.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир таваҷҷуҳи кормандонро ба хизматрасонии сатҳи баланду босифат ҷалб карданд. 

Дар ошёнаи якуми бино фаъолияти аввалин намояндагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ёвар” дар вилояти Суғд ба роҳ монда шуд.

Дар ин ҷо ҳамагон метавонанд аз хизматрасонии маркази калони савдо, дорухона ва нуқтаи фурӯши таҷҳизоти электронӣ истифода намоянд.

Бо дарназардошти талаботи замони муосир фаъолият бо афзалият ба иқтисодиёти рақамӣ, асосан ғайринақдӣ ба роҳ монда хоҳад шуд. 

Бо истифода аз таҷҳизоту таҷрибаи нав, аз ҷумла шароити худхизматрасонӣ, яхдонҳо, кондитсионерҳо, дастгоҳҳои таъминкунандаи бехатарӣ аз сӯхтор ва камераҳои назоратӣ пурра имконияти марказ ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шудааст.

Ҳамарӯза ба таври шабонарӯзи мизоҷон метавонанд маҳсулоти босифатро дастрас намоянд, ки зиёда аз 60 фоизи он истеҳсоли ватанӣ мебошад. 

Дар ошёнаи дуюм мағозаи фирмавии Юск (Jysk) ба фаъолият оғоз кард, ки дар он фурӯши мебал ва таҷҳизот барои хона ба роҳ монда шудааст. Мизоҷон метавонанд муроҷиат карда, аз хизматрасонии сатҳи баланди мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ баҳравар шаванд. 

Дар ошёнаи сеюми иншоот фаъолияти маркази фароғатӣ барои кӯдакон ба роҳ монда шудааст. Барои фароғати наврасон таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи дунё дастрас карда шудааст. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои таъмини зебогии шаҳру ноҳияҳо, фаро гирифтани сокинони маҳаллӣ ба ҷойи кори доимӣ ва пешрафти иқтисодиёт муҳим арзёбӣ карданд.

Равшаннамоӣ ва зебогии атрофи иншоот мутобиқ ба талаботи стандарти лоиҳавӣ таъмин карда шуда, гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудааст.

Дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятим туҳфаҳо тақдим карда, бо онҳо суҳбати самимӣ оростанд.

Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дастгирии ятимону бепарасторон зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва ба онҳо пайваста кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад. Ҳамзамон имрӯз ятимон барои таҳсилу фаъолият аз имтиёзҳо баҳравар ҳастанд.

Бунёду навсозии иншооти замонавии соҳа ва ба талаботи замон мутобиқ гардонидани шароити таҳсилу зисти ятимон натиҷаи дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки дастгирии ятимону бепарасторон зери ғамхории доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва давлат намегузорад, ки онҳо эҳсоси танҳоӣ кунанд.

Дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароит барои омӯзиш имрӯз ҳавасмандии ин гурӯҳи наврасонро барои таҳсили намунавӣ ва оянда хизмат кардан ба нафъи давлату миллат афзун гардонидааст.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ