Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон 08.11.2023

Баъди анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Иброҳим Раисӣ маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Нахуст, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Иброҳим Раисӣ Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эронро имзо карданд.

Сипас, дар ҳузури Сарони давлатҳо Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақли байналмилалӣ ва транзитӣ тавассути бандари “Чобаҳор” байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва шаҳрсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти миллии идоракунии офатҳои табиии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ситоди мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Котиботи Шӯрои олии минтақаҳои озоди тиҷоратӣ-саноатӣ ва махсуси Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ;

- Нақшаи роҳи иҷрои Барномаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ ва тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2022-2030;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқот, технология ва навоварӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парки технологии Пардиси Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои почтавӣ байни КВД “Почтаи Тоҷик” ва Ширкати миллии почтаи Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони таъзироти ҳукуматии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Тафоҳумнома дар бораи барқарорсозии алоқаҳои бародаршаҳрӣ байни шаҳри Хуҷанди вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Язди Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмию технологӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати улум, таҳқиқот ва фановарии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва ҳунар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкориҳои илмӣ ва фанноварӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Муовинати илмии Раёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Созмони аснод ва Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон;

- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни КВД “Шаҳри ҳушманд (Smart City)”-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Созмони фанноварии иттилоот ва иртибототи шаҳрдории Машҳад ва

- Ёддошти тафоҳум байни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳи оҳани Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар самти нақлиёти роҳи оҳан ба имзо расид.

Дар маҷмуъ аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Эрон 19 санади нав имзо карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Эрон ва маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ Сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сайид Иброҳими Раисӣ барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, бо изҳорот баромад карданд.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон

Мулоқоту музокироти сатҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон 08.11.2023

8 ноябр дар Қасри миллат дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон музокироти сатҳи олии ду кишвар баргузор гардид.

Дидору гуфтугуҳо аз мулоқоти хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ оғоз гардида, бо иштироки ҳайатҳои расмии ҷонибҳо идома ёфтанд.

Дар доираи барномаи сафар, зимни мулоқоту гуфтушунидҳо, ки дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор гардиданд, доираи васеи масъалаҳои мубрами муносибат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки муштаракоти зиёди таърихиву фарҳангии ду мардуми бародар минбаъд низ барои таҳкими фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ дар муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд заминаи мусоид хоҳанд буд.   

Ҷонибҳо аз фазои созанда ва тамоюли мусбати муносибатҳои ду кишвар ва тавсеаи муҳтавои онҳо изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар ин зимн мавҷудияти имконоти фаровони Тоҷикистону Эрон барои густариш ва рушду таҳкими минбаъдаи робитаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун мавриди таъкид қарор гирифт.

Бо дарназардошти аҳаммият ва нақши муколамаи сиёсии сатҳҳои олӣ ва баланд дар раванди густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба аз идомаи пурсамар ва мунтазами он ҷонибдорӣ сурат гирифт. Дар баробари ин, бештар фаъол гардонидани абзорҳои дуҷониба, иҷрои фарогири санадҳои ҳамкорӣ ва мувофиқаҳои гуногунсатҳ дар ҷодаи дастрасӣ ба ҳадафҳои волои ҷавобгӯ ба манфиатҳои мардумони Тоҷикистону Эрон шарти муҳим дониста шуд.

Пешвои миллат тавсеаи равобити байнипарлумонӣ ва фаъолияти босамари гурӯҳҳои дӯстии ин ниҳодҳоро аз ҷумлаи омилҳои муҳими рушди муносибатҳо арзёбӣ карданд.

Нақши муҳими Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ ва ҷаласаи навбатии он, ки дар назар аст ояндаи наздик дар Душанбе баргузор гардад, дар густариши минбаъдаи равобити миёни ду кишвар мавриди зикр қарор гирифт.

Ҳамчунин, зарурати талошҳои муштарак ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи дарозмуддати ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷории ду кишвар то соли 2030  таъкид гардид.

Гузашта аз ин, роҳандозии тарҳҳои муҳим дар ҳавзаҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коркарди маъдан, кишоварзӣ ва сайёҳӣ бо ҷалби сармоягузориҳои муштарак ба нафъи ду ҷониб дониста шуд.

Фаъолияти мунтазами Кумитаи муштараки сармоягузорӣ ва Шурои муштараки соҳибкорон ҳамчун омилҳои муассир дар ин ҷода муаррифӣ гардиданд.

Ҷонибҳо аз баргузории доимии Форумҳои соҳибкорон ва Намоишгоҳҳои молу маҳсулот дар қаламрави ҳамдигар ба сифати заминаи мусоиди ин раванд  ҷонибдорӣ намуданд.

Идомаи ҳамкориҳо дар бахши энергетика, аз ҷумла бунёди нерӯгоҳҳои барқи обиву офтобӣ дар қаламрави Тоҷикистон, аз самтҳои ояндадори ҳамкориҳои ҷонибҳо арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо аз татбиқи тарҳҳои нақлиётиву коммуникатсионие, ки ду кишварро бо ҳам ва бо шабакаҳои байналмилалӣ мепайванданд, истиқбол намуда, истифодаи зарфиятҳои транзитии ҳамдигарро барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ба нафъи ду кишвар донистанд.

Соҳаҳои тандурустӣ ва робитаҳои байни минтақаҳо, ҳамчунин, аз самтҳои  ояндадор дар муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон эътироф гардиданд.

Бо ишора ба шароити мавҷуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи сайёҳӣ, афзоиши парвозҳо байни ду кишвар ва соддагардонии низоми рафтуомад дар ин замина мусоид унвон гардид.

Ҳамзамон баргузории рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон ва Эрон дар қаламрави ҳамдигар аз омилҳои муҳими рушди ҳамкориҳои фарҳангиву башарӣ арзёбӣ карда шуд.

Дар баробари изҳори қаноатмандӣ аз сатҳи хуби ҳамёрӣ дар чаҳорчӯби   созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ алоқамандии ҷонибҳо ба идомаи ҳамкориҳои бисёрҷониба изҳор карда шуд.

Дар ҷараёни музокирот ҳамзамон атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, қазияи Фаластин ва  дигар мавзӯъҳои рӯзномаи ҷаҳонӣ табодули афкор сурат гирифт.

Аз натиҷаи музокирот бастаи нави санадҳои дуҷонибаи  ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо расид, ки пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро тақвият мебахшад.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат   25.10.2023

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.  

Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.

Чоп намудан E-mail

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат

Боздид аз ҷараёни кишти такрорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти ба номи Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат   25.10.2023

25 октябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат бо рафти кишти тирамоҳӣ ва самараи меҳнати кишоварзон шинос шуданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рафти кишти тирамоҳӣ ва нашъунамои сабзавот дар Хоҷагиҳои деҳқонии “Лола”, “Манзура” ва “Қодир”-и деҳоти Абдулло Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат шинос шуданд.

Хоҷагидорони деҳоти Абдулло Абдулвосиев кишти тирамоҳии пиёз ва ғалла гузаронида, заминро барои анҷом додани кишти картошкаи барвақтӣ омода кардаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Абдулло Абдулвосиев 2 225 гектар замини корам мавҷуд мебошад, ки аз ин 1 888 гектараш обӣ аст. Истеҳсоли меваву ангур, ғалладонагиҳо, сабзавот, картошка, полезӣ ва пахта самти асосии фаъолияти сокинони деҳотро ташкил медиҳад.  

Дар кишти асосӣ меҳнаткашон парвариши ғалла, лубиёгиҳо, пиёз, картошка ва дигар намуди маводи ғизоиро ба роҳ монданд. Аз ҳисоби кишти такрорӣ бошад, макка барои дон, карам, бодиринг ва хӯроки чорво истеҳсол карда шуд.

Айни замон раванди корҳои саҳроӣ бо истифода аз тамоми имконият ҷараён дорад ва асосан аз ҳамин ҳисоб бозори истеъмолӣ бо маводи ғизоии барвақтӣ таъмин карда мешавад.

Баъди шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагидорон Сарвари давлат аз намоишгоҳи дастовардҳои меҳнати сокинони шаҳри Ваҳдат дидан карданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

Ифтитоҳи бинои иловагии таълимии МДТ Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 25.10.2023

25 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои ободонию созандагӣ, вусъати кишти тирамоҳӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ ба шаҳри Ваҳдат ташриф оварданд.

Дар маркази шаҳр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бинои нави иловагии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат»-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд шуда, аз таҳхона ва 4 ошёна иборат мебошад.

Аснои шиносоӣ бо шароитҳои фароҳамгардида дар бинои хуштарҳу замонавии таълимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳо баҳои баланд дода, аз муҳайё гардидани имкониятҳои васеи илму касбомӯзӣ масъулонро барои омода кардани мутахассисони дорои маълумоти миёнаи касбӣ дар соҳаи тиб роҳнамоӣ карданд. 

Мавриди зикр аст, ки бинои иловагии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат дорои 25 синфхона, аз ҷумла 7 толори барҳавои лексионӣ  ва 10 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон мебошад, ки бо мизу курсӣ, аёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизоти муосир, аз қабили тахтаҳои электронӣ ва видеопроекторҳо муҷаҳҳаз карда шуда, барои таҳсили 1300 донишҷӯ дар ду баст пешбинӣ гардидааст.  

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 7 факултет ва 12 кафедра амал мекунад.

Мутахассисони маълумоти миёнаи тиб аз рӯи 7 ихтисос, аз ҷумла кори ҳамширагӣ, кори фарматсевтӣ, кори дандонсозӣ, кори тиббӣ - ташхисӣ, кори тиббӣ - офиятӣ,  кори момодоягӣ ва тиббӣ - профилактикӣ омода карда мешаванд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат 2 ҳазору 424 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки 2 ҳазору 110 нафари онҳо духтар ва 314 нафар писар мебошанд. Дар коллеҷи мазкур 210 омӯзгор, аз ҷумла 2 нафар доктори илмҳои тиббӣ ва биологӣ, 9 нафар номзадҳои илм, 3 нафар доктор Пиэйҷдӣ (PgD) ва 33 нафар омӯзгорони ҷавони соҳибтахассус фаъолият менамоянд, ки ба донишҷӯён дарс мегӯянд.

Бо мақсади мутобиқ намудани раванди таълим ба меъёрҳои муосир дар  Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат марказу озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла Маркази омӯзиши малакаҳои амалӣ, озмоишгоҳҳои таълимӣ ва ташхиси фарматсевтӣ, фанҳои морфологӣ, кабинетҳои фанни химия, биология, физика  ва Маркази таълимӣ - клиникӣ таъсис дода шудааст.

Дар таҳхонаи бинои нави иловагии муассисаи таълимӣ ошхона бо 60 ҷойи нишаст, китобхонаи барҳаво бо зиёда аз 25 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, тахассусӣ, бадеӣ, сиёсӣ ва таърихӣ мавҷуд аст, ки ҳамарӯза донишҷӯён аз ин ганҷинаи илму хирад бо самар истифода менамоянд. Толори китобхона 60 ҷойи нишаст дорад. Инчунин дар китобхона 10 ҳазор нусха адабиёти зарурӣ дар шакли электронӣ махфуз буда, компютерҳо ба шабакаи байналмилалии интернет пайваст гардидааст.

Дар ошёнаи сеюми бинои нав бо 160 ҷойи нишаст толори маҷлисӣ сохта шудааст, ки минбаъд ҷамъомаду чорабиниҳои илмию оммавӣ ва фарҳангию сиёсӣ дар ин толори барҳаво баргузор карда мешавад. Толори маҷлисӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шудааст.

Раванди таълим дар коллеҷ тавассути дастгоҳҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад. Бинои навбунёди коллеҷ бо шабакаи мустиқили гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, дар фасли зимистон гарм карда мешавад.

Дар шафати бинои иловагии таълимӣ толори барҳавои варзишӣ ва майдончаи муосир барои бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол сохта шуда, барои тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон шароити мусоид фароҳам гардид. Толори варзишӣ дар масоҳати 335 метри мураббаъ ва майдончаи замонавӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сохта шудааст.

Зимни суҳбати самимӣ бо омӯзгорону донишҷӯён Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи мутахассисони баландихтисоси ватандӯсту хештаншиносро аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳайати омӯзгорон арзёбӣ карданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи пойгоҳи обкашӣ дар деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Нимаи дуюми рӯзи 20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ пойгоҳи обкашӣ воқеъ дар деҳаи Тосқалъаи Ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории бонки умумиҷахонӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Дар расми ифтитоҳи иншоот аз рӯи лоиҳаҳо ва тариқи монитор намоиш додани лавҳаҳои видеоӣ ба роҳбари давлат доир ба сифати корҳои анҷомдодашуда ва иқтидори фаъолиятии пойгоҳи насосӣ ва обанборҳо маълумот дода шуд.   

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади таъмин намудани сокинони деҳаҳои Тосқалъаи поён ва боло, Гулдара, Арал, Заркамар, Зардолубоғ, Ҳулбек ва деҳаи ба номи Элмурод Хочаев дар маҷмӯъ 40 деҳа ва 155 ҳазор аҳолӣ бо оби нушокӣ 5 пойгоҳи обкашӣ бунёд гардида, бо таҷҳизотҳои технологияи муосир муҷҷаҳаз гардонида шудааст.

Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомдодашуда баҳои баланд доданд.

Фармоишгари сохтмони иншооти мазкур Маркази идораи “Лоиҳаи рушди инфрасохтори махаллӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.  Корҳои сохтмонии обанборҳои зеризаминӣ ва ҳавзҳои танзими обтаъминкунии Пойгоҳи насосии "Тосқалъа" аз ҷониби пудратчии ҶДММ “Приоритет” бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Ҳамчунин саҳни бино бо шинонидани дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои гуногуни мавсимӣ оро ёфтааст. Роҳравҳои иншооти мазкур пурра таъмир гардида, атрофи муассиса чароғон карда шудааст.

Тадбири мазкур дар доираи эълони солҳои "2018-2028 даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" амалӣ гардида, барои сокинони маҳаллӣ дастоварди муҳим ба ҳисоб меравад, зеро бо мавриди истифода қарор додани иншооти мазкур мушкилоти чандинсолаи сокинон бартараф гардид.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолӣ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолӣ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ 20.10.2023

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ дар деҳаи Селбури деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои сардхона ва ду коргоҳи истеҳсолиро ба истифода доданд.

Коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, мевахушкунӣ, бандубаст ва анбор барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ аз тарафи сокини ватанпарвари ноҳияи Восеъ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” Нуриддин Қаҳҳоров дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули муосири меъморӣ, бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони нав сохта шудааст.

Дар коргоҳҳои истеҳсолӣ ва сардхона ҳамагӣ 35 нафар сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Дар корхона дар як баст 10 намуд маҳсулоти қаннодӣ дар ҳаҷми 2 тонна истеҳсол карда мешавад. Дар коргоҳи дигар дар як баст 5 тонна мева ва сабзавот хушконида шуда, ҷавобгу ба талаботи бозор ва рақобатпазир бастабандӣ мешавад.

  Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳҳо аз кишварҳои тараққикардаи олам, аз ҷумла аз давлати Туркия харидорӣ ва насб шудааст.

Дар бинои нави сардхона имкон аст, то 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ҷойгир карда шавад. Айни ҳол коргарони ҷамъият ҳосили заминҳои кишти худ, аз қабили сабзавоту меваҷотро барои талаф наёфтан ва ҷиҳати дар тамоми сол пурра таъмин кардани сокинон бо маҳсулоти тару тоза, захира намудаанд.

Иншооти мазкур баҳри амали кардани ҳадафи чоруми стратегии кишвар, ҷиҳати рушди саноаткунонии босуръат ва таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содирот ва рақобатнокии он бунёд шудааст.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ  талабот ба он зиёд аст. 

Бояд гуфт, ки дар 9 моҳи соли 2023 дар ҷумҳурӣ 23 корхона ба истеҳсоли меваи хушк ва 107 корхона ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар ҳаҷми 4,5 ҳазор тонна меваи хуш ё 90,7 фоиз ва 18,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ истеҳсол намуданд. Дар моҳҳои январ-сентябри соли 2023 аз қаламрави ҷумҳурӣ дар ҳаҷми 358,4 тонна маҳсулоти қаннодӣ ва 54 138 тонна меваи хуш содирот гардидааст.

Дар ҳамин мавзеъ аз тарафи роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн”-и Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” дар масоҳати 3,3 гектар замин боғ бунёд гардидааст. Барои истифодаи самараноки замин дар байни қатори дарахтон сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ кишт карда шудааст.

Дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайн” 10 нафар ба таври доимӣ ва 40 нафар ба таври мавсимӣ ба кор ҷалб мегарданд. Дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ барои боло бурдани иқтидори истеҳсолӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла лиму дар масоҳати 0, 6 гектар замин гармхона бунёд кардаанд.

Дар саҳни бинои коргоҳҳои нави Ҷамъяити дорои масъулияти маҳдуди “Мир Осор” дарахтони сояафкан ва ороишӣ шинонида шуда, бо гулҳои зебои мавсимӣ оро ёфтааст.

Роҳравҳои иншооти мазкур бошад, пурра сафолакпӯш гардида, гирду атрофи муассиса чароғон карда шудааст.

Баъди шиносоӣ бо шароиту имконоти коргоҳҳо ва сардхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти хоҷагии бисёрсоҳаи “Мир Осор” барои обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои корӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ изҳори сипос намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар ноҳияи Восеъ 20.10.2023

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Охҷари ноҳияи Восеъ Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиевро ифтитоҳ карданд.

Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев дар масоҳати 1,20 гектар замин аз ҷониби сокинони ватанпарвари ноҳияи Восеъ бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд шудааст.

Баъди ба истифода додани ин маркази фарҳангӣ 10 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Дар ҳудуди иншоот барои дӯстдорони соҳаи варзиш майдончаи муосири варзишӣ сохта шудааст, ки дар он барои тамрини бозии футбол шароити зарурӣ фароҳам оварда гардидааст. Акнун кудакону наврасон имкон доранд дар ин ҷо мусобиқаҳои гуногун доир карда, ба обу тоби бадан машғул шаванд.

Дар боғи фарҳангию фароғатӣ 2 адад атраксион, ҷойи бозӣ барои кӯдакон дар масоҳати 4000 метри мураббаъ бо тамоми шароитҳои зарури бунёд гардида, иншоот ба макони асосии истироҳату фароғати сокинон ва кӯдакон табдил ёфтааст.

Дар шомгоҳон намуди боғи фарҳангию фароғатӣ хеле зебою дилрабо гардида, дастгоҳҳои равшанидиҳанда ва чароғакҳои гуногунранг ба ҳудуди иншоот ҳусни дигар зам мекунанд.

5 адад фаввораи зебову замонавӣ, ки бо шаклу услуби хоса бунёд гардида, бо чароғҳои ранга оро дода шудааст, диққати сокинону меҳмононро ба худ ҷалб менамояд.

Гирду атрофи боғи фарҳангӣ пурра панҷарабандӣ гардида, дарвозаи даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.

Дар мавзеъҳои гуногуни боғи фарҳангӣ 400 адад дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва зиёда аз 110 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, масоҳати 14980 метри мураббаъ замин майсазор карда шудааст. Дарахтон ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш гардидааст.

Дар як гӯшаи намоёни боғ нимпайкараҳои қаҳрамонҳои меҳнати сотсиалистӣ аз ноҳияи Восеъ бо минбари саҳнавӣ бунёд ёфтааст.

Мавриди зикр аст, ки танҳо аз ноҳияи Восеъ бо меҳнати пуршараф ва натиҷаҳои баланди меҳнатӣ 11 нафар бо унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ мушарраф гардидаанд.

Зимни шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғати сокинон дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз руйи нимпайкараи Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, собиқ вакили Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ Миралӣ Маҳмадалиев парда бардошта, руҳи уро шод намуданд.

Дар шафати Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Миралӣ Маҳмадалиев бинои хуштарҳи идораи ҷамоат ва қасри фарҳанг қомат афрохтааст, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурра таҷдид гардид.

Мавриди зикр аст, ки собиқ роҳбари хоҷагии ба номи Ленин шодравон Миралӣ Маҳмадалиев бо кордонию инсондӯстӣ ва талошҳову ташаббусҳо дар замони собиқ шуравӣ деҳаи Охҷарро ба як маркази ободу пешрафтаи  ноҳияи Восеъ табдил дода буданд.

Ҳамон вақт дар ин деҳа роҳҳои тахту ҳамвор сохта шуда, сокинон бо оби нушокӣ таъмин буданд. Дар баробари дигар иншоот муассисаҳои фарҳангии деҳа ободу дар хизмати мардуми фарҳангдӯст буданд.

Баъди шиносоӣ бо шароити истироҳату фароғат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону дигар сокинони ватандӯсти ноҳияи Восеъ барои иқдоми шоиста-обод кардани як гӯшаи диёр баҳои баланд доданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ