Ифтитоҳи бинои Муассисаи хусусии томактабии “Офтобак” дар деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи бинои Муассисаи хусусии томактабии “Офтобак” дар деҳоти Абдӣ Авазови ноҳияи Восеъ 20.10.2023

20 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Восеъ бинои Муассисаи томактабии “Офтобак”-ро ба истифода доданд.

Кӯдакистон дар деҳаи Ҷаврези деҳоти Абдӣ Авазов бунёд гардида, барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Иншоот 4 ошёна буда, дар он 19 нафар ба тарбиятгирандагон таълим медиҳанд.

Муасссисаи томактабӣ аз ҷониби ҶДММ “Комил 2010” сохта шуда, аз 24 ҳуҷраи машғулиятгузаронӣ, ошхона, толорҳои варзишию мусиқӣ, толор барои баргузории маҳфилҳои гуногун, ҳуҷраи тиббӣ, анбор барои нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Ҳуҷраҳои алоҳидаи хобу истироҳати кӯдакон бо таҷҳизоти муосир, аз қабили рахти хоб ва дигар ашёи фароғатӣ таъмин мебошанд.

Бинои муассисаи томактабии “Офтобак” ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.

Дар саҳни бинои муассиса айвончаҳо барои ба истироҳату фароғат ва дигар машғулият фаро гирифтани кӯдакон ва майдончаҳои бозии бо таҷҳизоти нави дилхушӣ муҷаҳҳаз ташкил шудаанд.

Бинои навбунёд ба системаи гармидиҳӣ пайваст буда, гармии ҳуҷараҳои машғулиятгузаронию корӣ дар фасли зимистон тавассути он таъмин мешавад.

Дар ҳудуди боғча дарахтони сояафкану ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ шинонида шуда, роҳравҳои бинои мазкур бо санъати баланди меъморӣ сафолакпӯш карда шуда, барои кӯдакон арғунчак ва дигар намуди бозичаҳо насб гардидааст.

Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкорон ду километр роҳи байни деҳот мумфарш карда шудааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои нав муррабияҳоро ба таълиму тарбияи дурусти кӯдакон ҳидоят намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои маркази ҷавонони ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи бинои маркази ҷавонони ноҳияи Восеъ 20.10.2023

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳцрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Исмолии Сомонии шаҳраки Ҳулбук бинои Маркази ҷавононро, ки бо тарҳи муосир сохта шудааст, ба истифода доданд.

Маркази ҷавонон аз зумраи иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар заминаи сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст. Дар бинои мазкур барои фаъолияти ҷавонон тамоми шароити корӣ фароҳам оварда шудааст.

Фармоишгари иншооти нав Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ “Қудрати Данғара” мебошад. Корҳои сохтмонӣ соли 2021 шуруъ шуда, бинои мазкур дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расид.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда аз 30 нафар сохтмончии маҳаллӣ ба кори муваққатӣ ҷалб гардид.

Ҳамчунин дар дохили иншооти мазкур барои омӯзиши ҷавонон синфхонаҳои барҳавои замонавӣ барои аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва касбомӯзӣ бо таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст.

Пешвои миллат зимни суҳбат бо ҷавонон онҳоро ба илмомӯзӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, аз худ кардани илмҳои замонавӣ ва хидмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Иншооти мазкур дорои толори мачлисгоҳ ва ҳуҷраҳои барҳаво буда, дар онҳо шароити муосир фароҳам оварда шудааст.

Намои дохилӣ ва берунии иншоот бо шаклу унсурҳои миллӣ ва муосир оро ёфтааст, ки ба маркази ноҳия ҳусни дигар зам менамояд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии Восеъ, зеристгоҳи барқии Рӯдакӣ ва хатти интиколи барқ дар ноҳияи Восеъ

Ифтитоҳи зеристгоҳи барқии Восеъ, зеристгоҳи барқии Рӯдакӣ ва хатти интиколи барқ дар ноҳияи Восеъ 20.10.2023

20 октябр дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Ҳулбук зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи энергетикӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Фармоишгари иншоот ҶСК “Барқи Тоҷик” буда, паймонкор ширкати консорсиуми “Генсер ва Ҷенерал электрик” мебошад. Зеристгоҳ бо мақсади саҳмгузорӣ дар яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва таъмини аҳолӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии мамлакат сохта шудааст.

Иншооти мазкур бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дорои сифати баланд аст. 

Дар зеристгоҳи навбунёд 15 нафар мутахассис, ки сокинони маҳаллӣ мебошанд, бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд. Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зеристгоҳи барқии 110/10 кВ Рӯдакӣ ва хатти интиқоли барқи 110 кВ Восеъ - Рӯдакӣ дар деҳаи Меҳнатободи деҳоти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро тариқи маҷозӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ 25 ҳазор аҳолии деҳоти Рӯдакӣ ва 200 ҳазор аҳолии нохияи Восеъ истифода мебаранд.

Иншооти мазкур низ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Осиёии рушд бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Зеристгоҳ барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо барқ пешбинӣ гардида, бо таҷҳизоту технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дастгоҳҳои зеристгоҳ дорои сифати баланд буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст. Дар иншооти навсохт 16 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардиданд.

Дар саҳну атрофи зеристгоҳи барқӣ дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранги мавсимӣ шинонида шудааст. Роҳравҳои иншооти мазкур пурра сафолакпӯш гардида, гирду атрофи он чароғон карда шуда, бо деворҳои иҳотавӣ маҳкам гардидааст.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и ВКД дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза"-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои навбунёди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дорои 24 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад. Дар ошёнаи якум китобхонаи кушоду барҳаво, бо асарҳои Пешвои миллат, шоирону нависандагони классик ва муосири халқи тоҷик, адабиёти соҳавӣ ва 10 ҳазор нусхаи китобҳои электронӣ, қисми навбатдорӣ, анбори нигоҳдории либос ва маводи хӯрока мавҷуд мебошад.

Кормандони шуъба метавонанд дар вақтҳои барояшон мусоид озодона вориди китобхона гашта, адабиёти лозимаи хешро дастрас ва мутолиъа намоянд.

Ҳамзамон дар китобхона 2 компютер насб карда шудааст, ки ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Дар бинои навбунёд толори кушоду барҳавои маҷлисӣ бо 80 ҷойи нишаст, ошхона барои 60 нафар ва толори варзишӣ барои машқу тамрини кормандон сохта шудааст. Толори маҷлисӣ барои баргузории ҳамагуна вохуриву мулоқот ва чорабиниҳои сиёсӣ - тарбиявӣ бисёр мувофиқ мебошад.

Ҳуҷраҳои ошёнаи 3-юм ва 4-уми бинои нав барои кормандони Хадамот, аз ҷумла афсарони шуъбаҳои назорати ташкилӣ, банақшагирии иқтисодӣ, кор бо ҳайати шахсӣ ва корҳои ташкили воҳидӣ, хизмат, роҳбаладӣ, шуъбаи воситаҳои техникӣ ва муҳандисӣ пешбинӣ шудааст.

Ба ғайр аз ин дар ошёнаи 4-уми бино меҳмонхона сохта шудааст, ки дар ҳуҷраҳои он барои қабули меҳмонон тамоми шароити зарурӣ муҳайё аст.

Дар ин рӯз аз ҷониби Сарвари давлат ба кормандони шуъба як воситаи нақлиёти хизматӣ туҳфа карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити дар бинои нав фароҳамгардида, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, кормандони шуъбаи Хадамоти давлатии "Муҳофиза" - и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Кӯлобро дар самти иҷрои содиқонаи вазифаҳои хизматияшон вазифадор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонии иншоот аз тарафи сохтмончиёни Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилӣ бо сифати баланд иҷро гардид.

Намои берунаи бино бо тарҳи муосир оро ёфта, равшании онро дар шаб чароғакҳои гуногуни ҷилодиҳанда таъмин менамоянд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб

Ифтитоҳи Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлобро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти соҳаи тандурустӣ аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, масоҳати замини он 5 ҳазору 658 метри мураббаъро дар бар мегирад. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Фариддун" ба иҷро расонида шудааст.  

Аз рӯи лоиҳа дар бинои мазкур ҳам бемориҳои наркологӣ ва ҳам бемориҳои рӯҳиву равонӣ табобат карда мешаванд.

Дар Маркази Беморхонаи наркологӣ дар минтақаи Кӯлоб 40 кати хоб, 8 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои занона ва мардонаи беморони майзада, наркологӣ, экспертизаи судӣ, табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон, наркологии наврасон, эҳёгарӣ ва шуъбаи таҳлил мавҷуд мебошад, ки ҳамаи онҳо ба талаботи замони имрӯза ҷавобгӯ мебошад.

Дар таҳхона дармонгоҳ, озмоишгоҳи клиникӣ, бахши ташхисӣ ва экспертизаи наркологӣ, ҳамзамон Маркази экспертизаи тиббию судии минтақаи Кӯлоб ҷойгир карда шудааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти беморхона, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ), оксегенератор, узӣ, катҳои ташхисӣ ва асбобҳои асосӣ барои ёрии таъҷилӣ аз хориҷи кишвар ворид гардида, ҷиҳати табобати пурраву саривақтии беморон мусоидат менамояд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки беморхонаи мазкур бо чунин шароит дар миқёси ҷумҳурӣ аввалин ба шумор рафта, дар он имконияти аз 3 то 21 рӯз ба табобати шабонарӯзӣ фаро гирифтани бемориҳои наркологӣ мавҷуд аст.

Дар беморхонаи тозабунёд 20 ҳуҷра бо шароити муосир таъсис дода шуда, он имкони дар як вақт ба 40 нафар хизмат расониданро дорад.

Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои нави Маркази вилоятии равонпизишкӣ, беш аз 80 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуда, дар хизмати аҳолӣ қарор доранд.

Табибони Беморхонаи рӯҳӣ ва наркологии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирӣ ва ғамхории пайвастаашон нисбат ба кормандони соҳаи тандурустӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, бо итминон иброз доштанд, ки баҳри таъмини солимии ҷомеа дониш ва таҷрибаи андухтаи хешро равона месозанд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №42 дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.

Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.

Иншооти иловагии таълимӣ барои 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, дорои 10 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла физика, биология, химия, технологияи иттилоотӣ, ҳуҷраи омӯзгорон, синфхонаи томактабӣ ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо дастгоҳу аёнияти таълимӣ маҷаҳҳаз мебошад.

Бо ифтитоҳи бинои нави таълимӣ шумораи синфхонаҳои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42 дар шаҳри Кӯлоб ба 25 адад расид ва мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагон пурра бартараф шуд. Дар мактаб беш аз 30 нафар ба ҳайси омӯзгор ба кор ҷалб гардидаанд.

Бино дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи “Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна” дар доираи Лоиҳаи “Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф” сохта шудааст.

Масоҳати иншооти нави соҳаи маориф 420 метри мураббаъро дар бар гирифта, он аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шаҳрофар” бо ҷалби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фаридун” дар муҳлати муайянгардида бо риояи талаботи муосир бунёд гардидааст. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 20 нафар бинокори маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Бинои иловагии муассиса бо шабакаи гармидиҳӣ, ки бо истифода аз ангиштсанг фаъолият мекунад, пайваст мебошад ва ин низоми каммасраф дар мавсими сардиҳои зимистон барои бо гармӣ таъмин кардани синфхонаҳо мувофиқ аст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин даргоҳи маърифат омӯзгоронро барои равона намудани тамоми малакаву таҷрибаи кордонӣ ҷиҳати тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ҳидоят карданд.

Чоп намудан E-mail

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб

Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ба гузаштагон оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, бо қироати оятҳо аз Қуръони Маҷид баҳри пойдории суботу оромии Тоҷикистони соҳибистиқлол, осудагии мардуми кишвар ва пешрафту шукуфоии Ватан дуову фотеҳаи нек карданд.

Мақбара ва ҳудуди оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардида, ба як макони ободу зебо табдил дода шуд, ки ҳамарӯза садҳо нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ барои зиёрат ва боздид ба ин макон ташриф меоранд.

Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шахсияти шинохтаи олами илму маърифат буда, маҳз эътирофи мартабаи бародарию баробарии одамон, эҳсону мурувват, нақши илму маориф ва маърифати аҳолӣ, тарғиби сулҳу оромӣ, фарҳанги сулҳ ва таҳаммулгароӣ ӯро машҳури ҷаҳон кард ва имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам пайравону эътиқодмандони зиёд дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳр ва масъулини Осорхонаи мероси адабӣ ва осори хаттии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани ҳудуди ин макони таърихӣ ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани меҳмонони дохолию хориҷӣ дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

 
 

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб

Ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб 19.10.2023

19 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-ро мавриди истифода қарор доданд.

Бинои нави таълимӣ дар деҳаи Сангпари деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб аз ду ошёна иборат буда, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ сохта шудааст.

Масоҳати умумии замини мактаб 1,75 гектарро ташкил дода, худи бинои таълимӣ дар масоҳати 748 метри мураббаъ бунёд ёфта, барои ба таҳсил фаро гирифтани 640 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот 40 мутахассис ба ҳайси омӯзгор бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин шуданд.

Даргоҳи нави маърифат дорои 12 синфхона, аз ҷумла химия, физика, технологияи иттилоотӣ, таълими меҳнат дар алоҳидагӣ барои духтарон ва писарон, китобхона бо толори хониш ва 4 ҳуҷраи корӣ мебошад.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби хонандагон ба намудҳои гуногуни варзиш дар назди бинои таълимӣ майдончаи варзишӣ дар масоҳати 375 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи иншоот барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани фарзандони сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористон имконияти хубу мусоидро фароҳам овард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас дар бинои нави таълимӣ омӯзгорону дигар масъулонро ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ва тарбияи хуби онҳо дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ҳидоят намуданд.

Бунёд ва ба истифода додани бинои нави таълимӣ ин идомаи мантиқии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ин роҳ боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи насли ояндасози миллат мебошад.

Фармоишгари иншоот филиали Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб буда, корҳои сохтмонию паймонкорӣ дар бинои таълимиро мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Уҳда» аз рӯи лоиҳаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» бо сатҳу сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом расонданд.

Атрофи бинои таълимӣ сабзу хуррам карда шуда, барои истироҳату фароғати хонандагону омӯзгорон нишастгоҳҳо низ гузошта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи бинои замонавии таълимиро барои сокинони деҳаҳои Сангпар ва Баҳористони шаҳри Кӯлоб туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, хонандагону омӯзгоронро барои истифодаи пурсамару мақсаднок аз шароити фароҳамкарда роҳнамоӣ карданд.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ