Шиносоӣ бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи “Ромит-Пакрут” дар шаҳри Ваҳдат

Шиносоӣ бо таъмиру навсозӣ ва мумфаршкунии қитъаи роҳи “Ромит-Пакрут” дар шаҳри Ваҳдат   10.11.2022

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат ба деҳоти Ромит ташриф оварда, бо ҷараёни навсозии роҳҳои маҳаллӣ шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки роҳҳои деҳоти Ромит аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Пакрут” шуруъ аз соли 2019 инҷониб ҳамасола таъмиру таҷдид карда мешаванд.

То имрӯз аз ҷониби корхона беш аз 10 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти Ромит мумфарш ва навсозӣ карда шудааст.

Аснои шиносоӣ бо қитъаҳои роҳи таъмиру азнавсозишуда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки соли 2019 бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани рафту омади аҳолӣ ва воситаҳои нақлиёт 1 километр роҳи деҳаи Хушон бо маблағи 350 ҳазор сомонӣ мумфарш карда шуд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз” ва боздид аз намоиши дастовардҳои сокинони шаҳри Ваҳдат

Ифтитоҳи марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз” ва боздид аз намоиши дастовардҳои сокинони шаҳри Ваҳдат  10.11.2022

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми корхонаи парандапарварии ҶДММ “Баҳори пурфайз”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ба хотири рушди соҳаи парандапарварӣ дар мамлакат ва таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шудааст. Бо истифода аз чунин имтиёзҳо Корхонаи парандапарварии “Баҳори пурфайз”-ро соҳибкори маҳаллӣ Эргаш Отаҷонов бунёд намуд, ки дар он 30 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон

Ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори ҶДММ “ТАЛКО Кемикал” дар ноҳияи Ёвон   02.11.2022

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ёвон ташриф оварда, Корхонаи истеҳсоли нуриҳои азотию фосфордори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТАЛКО Кемикал”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди саноат - 2022-2026” бунёд карда шуда, дар он беш аз 50 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.

Маълумоти бештар

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар

Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестӣ дар шаҳри Бохтар   02.11.2022

2 ноябр дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Бохтар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар-шифер”-ро мавриди истифода қарор доданд.

 

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Дӯстмурод Маҷидов дар масоҳати як гектар дар доираи нақша-чорабиниҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва панҷсолаи рушди саноат бунёд гардидааст.

 

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин аввалин корхонаи саноатӣ дар шаҳри Бохтар аст, ки ба истеҳсоли қубурҳои асбестӣ машғул мешавад. Фаъолияти корхонаи мазкур дар 2 баст ба роҳ монда шуда, дар он беш аз 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

 

Санги асос барои бунёди корхона моҳи марти соли 2021 аз ҷониби  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда буд ва он дар муддати якуним сол бо сифати баланд сохта шуд.  

 

Дар корхона ду хати муосири технологӣ аз Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардида, дар он пайвандак ва қубурҳои қутрашон аз 90 то 300 мм бо дарозии 4 метр истеҳсол карда мешавад.

 

Корхона имкон дорад, ки дар як шабонарӯз аз 500 то 800 дона қубури асбестӣ истеҳсол намояд. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол 260 ҳазор дона қубур буда, бо дарназардошти талаботи бозор, имконияти аз ин ҳам бештар истеҳсол кардани маҳсулот мавҷуд аст. Маҳсулоти истеҳсолӣ аз лиҳози намуд ва сифат ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

 

Барои истеҳсоли қубурҳои асбестӣ сементи аълосифати корхонаҳои Тоҷикистон истифода мегардад. 95 фоизи ашёи хом аз Тоҷикистон буда, ҳиссаи ками он, ҳамагӣ 5 фоиз аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид мегардад.

 

Ба таъкиди мутахассисони соҳа, қубурҳои асбестии истеҳсолшуда ба гармию сардӣ тобовар буда, истифодаи тӯлонии он кафолат дода мешавад.

 

Роҳбарияти корхона дар раванди истеҳсолот ба сифати маҳсулот диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, бо таъмини бозорҳои дохилӣ, дар оянда нақша доранд, ки содироти қубурҳои асбестиро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки дар минтақаи саноатии шаҳри Бохтар барои бунёди корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ инфрасохтори зарурӣ, аз қабили роҳҳои мумфарш, хатҳои интиқоли қувваи барқ, шабакаи обу корез ва дигар шароити лозима фароҳам мебошад.

 

Саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи 4-уми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва дар ин замина таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор аз мавзуъҳои асосии суҳбати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарият, коргарону мутахассисони корхонаи навбунёд буд. Таъкид гардид, ки бо татбиқи ин ҳадафи стратегӣ кишвари мо ба рушду пешрафти иқтисодии бештар расида, барои сокинон зиндагии шоиста фароҳам хоҳад шуд.

 

Баъд аз шиносоӣ бо фаъолияти Корхонаи истеҳсоли қубурҳои асбестии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Бохтар шифер” Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди боз як корхонаи дигари ин ҷамъият санги асос гузоштанд.

 

Бо бунёди корхонаи нави ҶДММ “Бохтар шифер” дар оянда боз 20 нафари дигар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, шумораи коргарони ин ҷамъият ба 90 нафар расонида мешавад.

Чоп намудан E-mail

Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар

Ба истифода додани корхонаи банду басти меваю хушкмева, сабзавот ва боздид аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзӣ дар шаҳри Бохтар  02.11.2022

2 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман”-ро  мавриди истифода қарор доданд.

 

Корхонаи навтаъсис ба банду басти меваю хушкмева ва сабзавот машғул буда, дорои 6 хати коркард ва банду басти маҳсулоти кишоварзӣ мебошад.   

 

Тавре зимни боздид маълум гардид, ҷамъият бо дастгоҳҳои муосири корӣ, ки истеҳсоли Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Беларус мебошанд, таъмин буда, бо назардошти талаботи бозорҳои дохиливу байналмилалӣ маҳсулоти кишоварзиро банду баст ва барои фурӯш омода месозад.

 

Таҷҳизоти кории корхона ба таври автоматӣ фаъолият намуда, дар як соат имконият дорад, ки 3 тонна сабзавот ва то 120 килограмм маҳсулоти донагиро банду баст намуда, пешниҳоди харидорон созад.

 

Ҳоло дар корхонаи навтаъсис банду басти 14 навъи меваю хушкмева ва сабзавот роҳандозӣ гардида, дастгоҳҳои корӣ имконият медиҳанд, ки бо пайдо гардидани талабот номгӯи маҳсулот ба таври назаррас зиёд карда шавад.

 

70 фоизи маҳсулоти кишоварзие, ки барои банду баст ба коргоҳ ворид карда мешавад, аз хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди ҷумҳурӣ буда, 30 фоизи дигар, ки асосан донагиро дар бар мегирад, аз дигар кишварҳо ворид мегардад.

 

Айни замон Коргоҳи “Деҳаи ман” бо 45 хоҷагии кишоварзӣ шартномаи ҳамкорӣ дошта, аз онҳо маҳсулот дастрас менамояд. Корхона ҳамчунин имконият дорад, ки фармоиши хоҷагиҳои деҳқониро барои банду басти маҳсулоти истеҳсолнамудаашон иҷро намояд.

 

Банду басти меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи талабот бо ҳаҷму намудҳои гуногун дар борҷомаҳои зебову бозоргир амалӣ карда мешавад. Ҳоло маҳсулоти банду бастгардидаи корхонаи мазкур асосан ба мағозаву фурушгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва дигар минтақаҳои кишвар пешниҳод карда мешавад. Ба иттилои масъулин, айни замон талабгорони чунин маҳсулоти баландсифати кишоварзӣ дар бозорҳои хориҷӣ низ зиёд аст ва корхона барои содироти он ба дигар кишварҳо омода мебошад.

 

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Деҳаи ман” бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шарикони рушд (Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ) бунёд гардида, дар он 15 сокини маҳаллӣ, ки аз курсҳои бозомӯзӣ гузаштаанд, соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.   

 

Дар назди коргоҳи нав мағозаи алоҳидаи фуруш таъсис ёфта, ба харидорон маҳсулоте, ки дар корхони мазкур бо шаклу андозаи гуногун банду баст мегардад, пешниҳод карда мешавад.

 

Зимни боздид Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин корхонаҳоро василаи муҳими таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор маънидод намуда, барои роҳандозии содироти маҳсулоти банду бастгардида ба масъулин дастур ва маслиҳатҳои муфид доданд.

 

Дар саҳни корхонаи навтаъсис Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои кишоварзии вилояти Хатлон дидан карда, бо маҳсулоти ниҳоии онҳо аз наздик шинос шуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”

Ифтитоҳи Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”  01.11.2022

1 ноябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳритус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Иншооти мазкур дар кӯчаи ба номи Носири Хусрав, шаҳраки “Шаҳритус” ҷойгир буда, бо тарҳи хеле зебову замонавӣ бунёд гардидааст.

 

Муассисаи  тиббию ташхисии “Оишаи Шаҳритус” дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи соҳибкорони ватандӯст - бародарон Достиевҳо бунёд шудааст.

 

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншооти тиббӣ дорои 40 кат барои беморон аст ва дар он 60 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардид.

 

Муассисаи соҳаи тандурустӣ имкон дорад, ба зиёда аз 135 ҳазор аҳолии маркази ноҳия ва ноҳияҳои ҳамшафат хизмати босамари тиббӣ расонад.

 

Табибон дар чор шуъба маризонро ташхис ва муолиҷа мекунанд. Дар шуъбаҳои ҷарроҳӣ, амрози дарунӣ, шуъбаи занона ва таваллуд дар маҷмуъ то 40 бемор бистарӣ ва табобат карда мешаванд.

 

Муассисаи тиббӣ аз таҳхона ва 2 ошёна иборат мебошад. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва маъмурият, аз 17 ҳуҷра иборат аст. Ҳуҷраи муоинаи маризон ва бақайдгирӣ низ дар ҳамин ошёна макон дорад.

 

Дар қабати дуюми муассисаи тиббӣ шуъбаи ҷарроҳӣ, амрози даруна ва таваллудхона  ҷойгир аст.

 

Дар шафати иншоот ҳамзамон дорухона ва нишастгоҳҳову айвончаҳо барои аёдаткунандагон бунёд карда шудааст.

 

Дар муассисаи тиббӣ ба маблағи беш аз 10 миллион сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти замонавии тиббӣ ворид карда шудааст. Рентгени рақамӣ, компютери тамографӣ, ташхиси қалб, таъмини оксиген, дастгоҳҳои маҳскунанда, электрофарез ва дигар васоили тандурустӣ аз давлатҳои пешрафтаи Чин, Русия ва Туркия харидорӣ карда шудааст.

 

Дар иншооти нави тиббӣ 54 нафар табибону сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби шуғли ҳамешагӣ гардиданд. 18 нафар духтурони муассиса маълумоти олидор буда, 16 нафар маълумоти миёнаи касбии соҳавӣ ва боқимонда кормандони техникию хоҷагидорӣ мебошанд.

 

Дар ошёнаи якуми маркази ташхисию тиббӣ ҳуҷраҳои ёрирасон, аз ҷумла тамографияи компютерӣ, ташхиси томографияи резонансии магнитӣ, ултрасадо, сабти барқии кори майнаи сар, сабти барқии дил ҷойгир аст.

 

Ташхиси бемориҳои занона бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Илова ба хизматрасониҳои ташхисӣ дар иншооти тиббӣ, бахшҳои солимгардонию тавонбахшии физиотерапевтӣ низ фаъолият хоҳанд кард.

 

Озмоишгоҳҳои марказ дорои навтарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳа аст ва дар он қариб тамоми таҳлилҳои тиббӣ дар фурсати кутоҳ, бо сатҳу сифати баланд анҷом дода мешаванд.

 

Иншооти мазкур дорои шароити зарурии тиббӣ, санитарию безараргардонӣ, тамизгардонии дастгоҳу таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ буда, бо дастгоҳҳои автоклав, ҷевонҳои хушкнигоҳдорӣ, катҳои функсионалии махсуси барқӣ ва дигар лавозимоти соҳа пурра таъмин аст.

 

Зимни шиносоӣ аз шароити иншооти тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди чунин як иншооти муосири соҳаи тандурустӣ дар ин ноҳияи дурдаст изҳори сипос намуданд.

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

Ифтитоҳи бинои Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён   01.11.2022

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Қубодиён бинои Шуъбаи маорифи ноҳияро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

 

Бино аз се ошёна иборат буда, дар он 12 ҳуҷраи корӣ, китобхона, меҳмонхона бо се ҳуҷра ва маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст мавҷуд аст.

 

Корҳои сохтмонии бинои Шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён соли 2019 дар майдони 70 садяк оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.

 

Дар шуъбаи маорифи ноҳия 28 нафар, аз ҷумла 8 зан фаъолият менамоянд.

 

Зимни шиносоӣ бо шароити кор дар иншооти нав Сарвари давлат маорифчиёни ноҳияро ҷиҳати истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамшуда, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим ва дар рӯҳияи хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас вазифадор намуданд.

Чоп намудан E-mail

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳи бинои иловагии мактаб ва санги асоси муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Қубодиён

Оғози сафари корӣ дар вилояти Хатлон, ифтитоҳи бинои иловагии мактаб ва санги асоси муассисаи томактабӣ дар ноҳияи Қубодиён  01.11.2022

1 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо корҳои бунёдкорию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти нав, шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ ва мулоқот бо мардум бо сафари корӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ташриф оварданд.

 

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Утақара Назарови ноҳияи Қубодиён бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-ро ифтитоҳ намуданд.

 

Бинои иловагии мактаб аз ду ошёна иборат буда, дорои 11 синфхона барои 620 ҷойи нишаст дар ду баст ва ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон мебошад.

 

Бинои иловагии нав дар ҷойи бинои фарсудаи қаблӣ бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Фарҳод Зиёев сохта шудааст.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз шароити муосир омӯзгоронро ба беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, дар замири хонандагон бедор намудани ҳисси ватандорию ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни миллати тоҷик ва муқаддасоти миллӣ ва ба роҳ мондани робитаи зич бо падару модарон ҳидоят намуданд.

 

Пас аз ифтитоҳи бинои нави мактаб ва суҳбат бо омӯзгорон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди муассисаи томактабӣ санги асос гузоштанд.

 

Бинои нави таълимӣ аз 3 ошёна иборат буда, барои 150 нафар пешбинӣ шудаааст. Тибқи нақша бинои нав бо инфрасохтори мукаммали таълиму тарбия ва дигар иншооти ёрирасон бунёд карда хоҳад шуд.

 

Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳаи муассисаи томактабӣ ҷиҳати саривақт ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооти мазкур ба масъулин дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти соҳаи маориф ҷиҳати амалишавии яке аз ҳадафҳои асосӣ, ҳарчи бештар фарогирӣ ба таълими томактабӣ мусоидат мекунад.

 
 

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ