«Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рамзи садоқат ба Президент ва Ватан!

Таърихи ташаккул ва таҳаввулоти ҷомеаи башарӣ нишон медиҳад, ки инсон аз нахустин шинохти худ ба ҳайси шахси бошуур пайваста кӯшиш ба харҷ додааст, ки рафтору амал ва кирдори худро дар доираи қоидаҳои муайян ба роҳ монда, ба ин васила муносибатҳои гуногунҷабҳаи ҷомеаро ба танзим дарорад.

 

Аз ин рӯ, афкору арзишҳои пешрафтаи башарият бо ғояҳои фалсафию ахлоқӣ ва сиёсию иҷтимоӣ оид ба ҷамъияту давлат, ҳуқуқу озодӣ ва сохти ҷамъиятии боадолат пайвастагии зич дорад.

 

Зеро давлат ва ҳуқуқ дар ҳамбастагӣ аз ҷумлаи ҳамин арзишҳои бунёдии башарият маҳсуб меёбанд, ки давра ба давра инкишофу таҳаввулоти муназзами онро таъмин намудаанд.

 

Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлату ҳуқуқ, шаклҳои идоракунии давлатдорӣ, сиёсати ҳуқуқӣ, афкору андешаҳо оиди ҳуқуқи инсон дар сарзамини гузаштаву имрӯзаи Тоҷикистони мо дар доираи тамаддунҳои ориёӣ, исломӣ, шӯравӣ ва пасошӯравӣ сурат гирифтааст.

 

Вале тавре аз ганҷинаи таърихи давлатдории ҷомеаи ҷаҳонӣ огаҳӣ дорем, дар дилхоҳ давлати дунё ҷавҳари асосии ҳаёти сиёсӣ - шакли идоракунии он ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯз олимони соҳаи сиёсат асоси хушбахтӣ ва осудаҳолии мардумро дар иттифоқу ҳамраъйӣ, бартараф намудани ҳамаи монеаҳо ба хотири пешрафт, ба инобат гирифтани манфиатҳои ҳар як қишри ҷомеа тариқи роҳбарие, ки ҳадафи ниҳоии он пайваста дар таъмини беҳбудии умум равона карда шуда бошад, мансуб дониста, бар он ақидаанд, ки дар меҳвари шаклҳои идоракунии давлатдорӣ беҳтарин василаи идораи давлат, ки он боиси писанди афкори аксари сокинони давлатҳои сайёра гардидааст, дар воқеъ шакли «Идоракунии Президентӣ» маҳсуб меёбад.

 

Аз ин боис, дар шакли «Ҷумҳурии Президентӣ» қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯза маҳсуб ёфта, чунин шакли идора барои давлати тозаистиқлоли мо, дар баробари наҷоти давлату миллат, ҳамзамон яке аз омилҳои асосии рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар самтҳо гардид.

 

Тибқи муқаррароти меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент - Сарвари давлат ва Раиси ҳокимияти иҷроия маҳсуб ёфта, ҳамчун ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили Истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдорию бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳамкориҳои онҳо ва риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон эътироф гардидааст.

 

Дар иртиботи меъёри мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат рамзи давлат, баёнгари ягонагии он, нигоҳдорандаи тавозуни ҳокимияти давлатӣ, ҳамгироии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва қувваи марказии ҳалкунандаи масъалаҳои умдатарини дохилию хориҷии давлат мебошад.

 

Маҳз аз ҳамин хотир, таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷашни қадршиносию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионӣ онҳоро ҳимоя ва ҳифз менамояд.

   

Новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири  қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дорад, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», пештар аз ҳама, симо ва шахсияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.

 

Ҳамрадиф будан ва пайвастагии ногусастанӣ доштани мафҳуми истилоҳи «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва заҳмату хизматҳои шоистаи Пешвои муаззами миллат дар он зоҳир мегардад, ки агар дар таърихи миллати мо институти шакли идоракунии «Ҷумҳурии Президентӣ» дар нахустин Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ ва муқаррар шуда бошад, пас муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин Президенти давлати тозабунёди мо ҳастанд, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи даврони навин аз ҷониби мардуми шарифи Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ интихоб карда шуданд ва шахсияту симои сиёсии мавсуф дар тӯли ин солҳо дар пеши назари халқу миллат давра ба давра ва батадриҷ ташаккул ёфтааст.

 

Ҳоло ҳар як сокини ин сарзамин ва кулли тоҷикони ҷаҳон ба хотири хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва муҳаббати самимие, ки Пешвои муаззами мо ба ин халқу миллат ва садоқате, ки ба ин Ватан доранд, дӯст медоранд ва дар азамати шоистагию сазоворӣ ба ин шахсият эҳтиром мегузоранд.

 

Воқеан шакли идораи «Ҷумҳурии Президентӣ», ки барои давлатдории мо ниҳоди нави сиёсию ҳуқуқӣ маҳсуб меёфт, мақому манзалати худро то ба сатҳи таҷлили «Рӯзи Президент» ҳамчун ҷашнвораи давлатдорӣ бо шарофати    ҳамин чеҳраи таърихӣ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарёфт намуд.

 

Зеро низоми мазкур маҳз таҳти сарварии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ниёзҳои мардумро дар мавриди аввал, вобаста ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату сарҷамъӣ бароварда гардонид ва дар ниҳоят мардуми Тоҷикистонро аз парокандагӣ ва кишвари маҳбубамонро аз вартаи ҳалокат раҳоӣ бахшид.

 

Аз ин лиҳоз, бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини ваҳдати ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯю нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» 16 ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Ҷумхурии Точикистон» ворид карда шуд.  

 

Албатта, сабаби маҳз ба ҳамин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак асоси воқеӣ дорад. Зеро аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри соли 1994 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид ва мақсад аз «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян намудани ин сана дар он буд, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне мутобиқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли нави идораи давлатӣ, яъне «Идоракунии Президентӣ» оғоз ёфт ва Президенти интихобгардида - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вазифа шурӯъ намуданд.

 

Дар воқеъ дар таърихи давлатдории тоҷикон Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи шахсиятҳои таърихию барҷаста ва номбардоре пазируфта мешаванд, ки дар вазъу марҳалаҳои барои Тоҷикистони тозаистиқлол басо мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакатамонро возеҳ муайян намуданд ва дар болоравии обрӯю мақоми давлати тоҷикон нақши абадӣ гузоштанд.

 

Ин абармарди дунёи сиёсат аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ба ин маснад ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои ватандӯстона равандеро, ки барои ба таври ҷиддӣ тағйир додани шароити иҷтимоӣ ва меъёрҳои муносибатҳои маърифатию фарҳангӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, арзишҳои неку созанда ва тафаккури пешқадамро ташаккул медиҳад, интихоб намуда, онро давра ба давра дар ҷомеаи Тоҷикистон амалӣ намуданд.

 

Ин таҳаввулот гузариши амиқи иҷтимоиву маданӣ ва баромадан ба зинаи нави беҳзистӣ ва дурустандеширо ифода карда, тамоми ҷанбаҳои ҳаёт - аз зиндагии моддӣ то арзишҳои маънавиро фарогир мебошад.

 

Ҳоло Пешвои муаззами миллати моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллату мардумсолор, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳамоварандаи шароити арзанда барои мардуми кишвар ва ташаббускори чандин масъалаҳои глобалии минтақавию ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

 

Бо Қарори муштараки сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ сарфароз гардонидани Пешвои муаззами миллати тоҷик, сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аввалин «Нишони фахрии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ» далели гуфтаҳои боло ва нишонаи арҷгузорӣ ва қадрдонӣ аз хизматҳои шоистаи ин чеҳраи барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маҳз ба ҳамин хотир, инак тӯли 8 сол мешавад, ки мардуми фарҳангсолори тоҷик «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҳамчун ҷашни фархунда, чун рамзи садоқат ба Президент ва садоқат ба Ватан бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комили миллӣ ҷашн мегиранд.

 

Кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сокинони бошарафи ин сарзамини муқаддас, бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда, бо фаъолияти намунавори хизматӣ дар рушду нумӯъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо мегузоранд.

 

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ