Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон

5 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.

 

Сараввал роҳбарияти Агентӣ ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни ин санаи фархундапаю арзишманд барои миллати тоҷик табрику муборакбод намуданд.

 

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ аз унқи таърих бо шарофати фарзандони бо нангу номус ва ҷаҳоншумулаш бо ҳамон гунаи асили ноб то ба рӯзгори мо омада расидааст.

 

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: “Забони модарии мо - забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст”.

 

Дар идома кормандони мақомот бо маърӯзаҳои пурмазмуну пурмуҳтаво доир ба асолати таърихӣ ва арзиши волои забони ноби тоҷикӣ андешаҳои худро иброз доштанд.

 

Дар воқеъ имрӯз ҳар як фарди соҳибдил бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот ва оромии Ватан вазифадор аст, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ забони модариро пос дошта, бо ифтихор аз таъриху тамаддуни миллати тоҷик барои рушди забони ноби тоҷикӣ тамоми кӯшишу ғайрати хешро равона созад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail


Ҷустуҷӯ